Ҷиноятҳои коррупсионӣ ба иқтисодиёти давлат хавфи азим доранд
ДУШАНБЕ, 2.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста мегардонад ва обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад. Маҳз чунин нишонаҳо сабаби поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегарданд. Ин нуктаро сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Бозоров зимни вохӯрӣ бо муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодком Турсунзода иброз дошт.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот зикр гардид, ки ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазир нисбат ба коррупсияро ҳамеша тақвият бахшад.
Шодком Турсунзода зикр кард, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки бо истифода аз ваколатҳои қонунии худ ба ин раванд таъсири бештар расонида, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро сари вақт гиранд ва вазъиятро дар ин самт беҳтар намоянд.
«Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад», -афзуд Шодком Турсунзода.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар ҷумҳурии мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва бурдани муборизаи самаранок бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба роҳ монда шавад.










Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






