«ЛОНА»-И УМЕД. Ба Рӯзи Модар бахшида мешавад

Март 8, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 08.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. “Лона” ошёнест, ки дар он чӯҷаҳо аз марг эмин меёбанд. Шояд барои ҳамин дар нишонаи  Фонди хайриявии «Лона», ки соли 2009 дар Душанбе таъсис дода шудааст,  акси чӯҷаҳо дар лона тасвир пазируфтааст. «Лона» ҷоест, ки кӯдакони мубталои бемориҳои саратон ва баданашон сӯхта аз нобудшавӣ  наҷот дода мешаванд.

 Нигориши хабарнигори АМИТ “Ховар” дар ин бора.

«Шахсе дили нозуки кӯдакони ятимро шоду масрур гардонад, кораш пешрав ва баракати хонаводааш афзун мешавад. Шайх Аттори Нишопурӣ дар ин маврид чунин гуфтааст:
  “Ҳақ таъоло бар дари ҷаннат навишт:
Ҷои мардони сахӣ бошад биҳишт…”..

Дар китоби илоҳӣ — Қуръони карим  инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хӯша мебарояд ва ҳар хӯшаи он сад дона дорад. Маълум мешавад, ки Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад.

Ҳикмати садақа додан дар он аст, ки Офаридгор мо, инсонҳоро таълим медиҳад: танҳо пайи нафси хеш набуда, дар фикри якдигар бошем, зеро инсоният дар ҳамбастагиву дастгирии якдигар саодатманд хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки садақаро омили осоиши рӯҳиву равонӣ ва қаноати маънавии худи садақадиҳанда гардонидааст.

Паёмбари гиромӣ нисбат ба афроде, ки ятимонро ба сарпарастӣ мегиранд, фармудаанд: «Ман ва сарпарасти ятим дар ҷаннат инчунин дар паҳлӯи якдигар қарор дорем».

Ин матлаб пораест аз гуфтаҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки   дар оила ба фарзандон,  дар  ҳамаи суханрониҳо,  инчунин зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар   мулоқот бо сокинон ба масъулину шахсони саховатманд  таъкид месозанд, ки дар баробари анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ аз аҳволи ятимону бепарасторон, маъюбону шахсони танҳою муҳтоҷ   бохабар шуда, ба онҳо аз рӯи имкону тавонашон кумак расонанд.

«Ман борҳо изҳор доштаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки пиронсолону барҷомондагон ва маъюбону мӯҳтоҷонро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва намегузорам, ки онҳо дар ҳаёт худро бепарастор, бе пушту паноҳ ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд», — чунин  зикр карда буданд Сарвари давлат  зимни  суханронӣ дар маросими ба истифода додани бинои дуюми хона-интернати кӯдакони «Чорбоғ» 17 апрели соли 2008 дар ноҳияи Варзоб.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан тӯли беш  аз 25 соли фаъолияти сиёсиашон   амалҳои  беҳисобро дар мавриди  хайру савоб  ба анҷом расонида, дар амал  собит карданд, ки дасти кумак дароз кардан ба нотавонон, тарбияи фарзандон дар ин рӯҳия   аз фазилатҳои азалии   миллати куҳанбунёди тоҷик ва оини ҷавонмардӣ  маҳсуб шуда,  беҳтарин мерос барои ояндагон аст.

Рӯ овардан ба  эҳсонкорӣ  бо  ҳидоятҳои падар  

 Тибқи иттилои  масъулин,  дар  Тоҷикистон   солҳои охир шумораи зиёди хурдсолони гирифтори намудҳои гуногуни бемории саратон  ба қайд гирифта шудааст.  Ошкоршавии чунин маризӣ  барои ҳар хонадон мусибати калон маҳсуб мешавад. Одатан табобати чунин беморон душвор буда, хароҷоти зиёд талаб мекунад.

Дидани чашмони  маҳзуну имдодталабонаи  кӯдакони мариз ва   осори   ғаму андӯҳи гарон  дар чеҳраи  волидайне, ки    дар табобати ҷигарбандони беморашон   эҳсоси   оҷизӣ   дошта,   аз он тангдастӣ  мекашанд, басо гарон аст.

Маҳз бо ҳидояти   падари  саховатманду хайрпеша — Эмомалӣ Раҳмон  роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Озода Раҳмон  соли  2009 Фонди  хайрияи  «Лона»-ро   таъсис  дод.

Озода Раҳмон, ки  пеш аз ҳама модар аст,   хуб  дарк  мекунад, ки  волидайни кӯдакони бемор   доимо дар  ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор дошта,  ба ёрии  моддию   маънавӣ эҳтиёҷ доранд.

Бо ҳамин мақсад Фонди хайрияи «Лона» кумаку дастгирии тифлону наврасони мубтало ба бемориҳои саратон ва баданашон сӯхтаро ба зимма гирифта,  ҷиҳати ёрии амалӣ расонидан ба  онҳо  корҳои зиёде ба анҷом  мерасонад.

Амволи Фонди мазкур  аз ҳисоби хайрияи шахсони воқеию   ҳуқуқӣ, маблағҳои грантӣ, қарзҳои бонкӣ ва навъҳои дигари қарзҳо, даромадҳои дигаре, ки бо  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд, аз  ҷумла,  аз  ҳисоби  пардохтҳои ихтиёрии субъектҳои хориҷӣ  ташаккул меёбанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли фаъолияти  9- солааш «Лона» ба  ошёни  умеду  боварии  дармондагону эҳтиёҷмандон, дилгармию эътимоди ин кӯдакони маъсум ва  пайвандони онҳо ба ояндаи нек  табдил ёфтааст.

Самти  асоси фаъолияи Фонди хайрияи «Лона»

Фонди хайрияи «Лона» аз рӯзҳои аввали таъсис ҳамкории самарабахшро бо ташкилоту муассисаҳои дахлдор тақвият бахшида, дар ин замина бо шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва  шуъбаи бемориҳои сӯхтаи Бемористони клиникии  №3-и  шаҳри Душанбе   ҳамкории муфид ба роҳ мондааст.

Фонди мазкур  шурӯъ аз соли 2010  лоиҳаеро таҳти унвони  «Ёрӣ ба  беморхона»  роҳандозӣ  менамояд, ки   масъалаҳои муҳим,  аз қабили  пайдо кардани маблағ барои  табобати кӯдакони бемор,  харидорӣ ё пайдо кардани  доруҳои кимиёвию таҷҳизоти тиббӣ,  маводи дармонӣ, расонидани кумаки молӣ  барои тайёр кардани

мутахассисони баландихтисоси тиббиро дар бар мегирад.

Кумак ба кӯдакони бемор дар соли 2017

Ҳамкорӣ бо шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии илмии  саратоншиносӣ» аз самти афзалиятноки оинномавии фаъолияти «Лона»    боқӣ мемонад. Дар шуъбаи мазкур, ки  дорои  30  кат мебошад, кӯдакони аз синни таваллуд то 18-сола табобат мегиранд. Соли 2017  дар шуъбаи мазкур дар маҷмӯъ   995  кӯдаки бемор муолиҷа гирифтанд, ки аз ин миқдор 691  нафарашонро  беморони мубталои  саратон  ташкил медиҳанд. Ин кӯдакони бемор  бо 10 намуд доруҳои  «кимиётерапӣ» ва то 20 намуд дорувории дармонбахш  ба таври  ройгон таъмин  шуданд, ки  ин  нишондод 95% тамоми беморонро дар бар мегирад.

 Маблағи умумии сарфшудаи фонд барои дастрас кардани маҷмӯи дорувориҳои дар боло зикршуда дар  11 моҳи  соли 2017  436 678,00  сомонӣ  ва тамоми хароҷот бо туҳфаҳо 522 421,00  сомониро ташкил  медиҳад.

Сарчашмаи асосии маблағҳои сарфнамуда аз  фонди хайрияи «Байт–ул-закот»-и Давлати Кувайт  ва  аз рӯи лоиҳаи «Таъмини дорувории кимиётерапевтӣ» бо  Созмони Салиби Сурхи Амороти Муттаҳидаи Араб  буданд.

 Бо кумаку дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии  Корея  1 адад дастгоҳи гаронарзиши муосири тиббии сохти  кореягӣ («Raphago Plus 153»)  барои табобати бемории саратони  кӯдакона  ба фонди «Лона» тақдим гардид, ки он  ба  шуъбаи мазкур пешниҳод   шудааст. Инчунин як миқдор пойафзоли кӯдакона аз  ҷониби Сафорат расонида шуд, ки пурра  ба бошандагони мактаб-интернати №1 ва №4 барои кӯдакони  ятими шаҳри Душанбе супурда шуданд.

Тавре  зикр  гардид, дуюмин самти бартаридоштаи фаъолияти Фонд- ин  расонидани кумак ба кӯдакони мубталои касалиҳои  сӯхта аз оилаҳои камбизоат мебошад.  Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 дар маҷмӯъ дорои 165 кати бистарӣ  буда, шуъбаи бемориҳои сӯхтаи он аз 60 кат, аз ҷумла, 6 кати эҳёгарӣ, 27 кати кӯдакона ва 27 кати  беморони калонсол иборат мебошад.  Аз ҷониби фонд кӯдакони бемор  аз оилаҳои камбизоат  бо дорувориҳои мавриди ниёз таъмин мешаванд. Дар соли 2017 ин маблағ  73 403,00 сомониро  ташкил медиҳад  (барои қиёс дар соли 2015 дорувориҳо ва таҷҳизоти  тиббӣ ба беморхонаи мазкур ба маблағи 63 384,00  сомонӣ   ва дар соли 2016  ин маблағ  37 810,00  сомониро ташкил медиҳад).

«Лона» кумаки маънавӣ ҳам мерасонад

 Гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ барои кӯдакони бемори марказҳои дар боло зикршуда низ яке аз самтҳои  фаъолияти Фонд маҳсуб мешавад. Кормандони Фонд чун идомаи анъанаи солҳои  пешин, соли 2017  низ  маъракаҳои «Соли нав», «Иди Наврӯз», «Рӯзи ҳифзи кӯдакон», «Иди Қурбон», «Иди Рамазон», «Рӯзи Истиқлолият»-ро    бо кӯдакони  бемор ҷашн гирифта,  барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ ташкил  намуданд. Аз ҷумла,  ташкил намудани консертҳои хайриявӣ таҳти унвони «Фардо хуршед меояд» ва  намоиши афсонаҳои ҷолиб, инчунин омадани қаҳрамонҳои афсонавӣ ба аёдати беморон ва ғайраҳо.   Дар ин рӯзҳо  тақдими  туҳфаҳои идона  ба онҳо   кӯдакону волидайнро хушнуду масрур мегардонанд. Бо ин мақсад   соли 2017  маблағи умумии  125 324,00  сомонӣ  сарф  шудааст.

Пирону ятимон низ аз назари «Лона»  дур намондаанд

 Фонди хайрияи «Лона»  кӯшиш менамояд, ки ба пиронсолони муҳтоҷ низ дасти кумак дароз намояд. Бо ин мақсад соли 2016 ба Хонаи пиронсолон кумак дар шакли маводи ширинӣ, хӯрокворӣ ва либосӣ  ба  маблағи умумии 35 510 сомонӣ расонида шуд. Ҳамчунин  ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бошандагони ин мактаб– интернатҳо (№1 ва №4) кумаки хайриявӣ, ки аз пойафзолу либосворӣ иборат буд, расонида шуд. Ба муассисаҳои мазкур инчунин техникаи компютерӣ, аз ҷумла, ба мактаб-интернати №1    20 адад  ва ба  мактаб-интернати №4  12 адад компютеру принтер  ҳадя гардид.

Фонди хайриявии «Лона»  соли 2017   барои истифодаи хонандагони Муассисаи давлатии  таълимии   «Литсейи касбии махсуси маъюбон», ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, дар шакли техникаю таҷҳизоти компютерӣ   кумак расонид. Ёрии мазкур аз 25 дастгоҳи компютерӣ, 5 ноутбук ва 5 принтер иборат буд. Инчунин моҳи декабри соли  гузашта ба бошандагони ин литсей либосворӣ  кумак расонида шуд.

Ҳамкории   «Лона» бо  Фонди хайрияи Муҳаммад Рашид ал-Мақдум

 Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Фонди хайрияи Муҳаммад Рашид ал-Мақдум, ки яке аз шарикони асосии фонди «Лона» дар минтақаи Ховари Миёна маҳсуб мешавад, аз  27 октябр то 4 ноябри соли гузашта  гурӯҳи 27-нафараи ҷарроҳони  қалб ва пизишкон аз 13 кишвари ҷаҳон аз Амороти Дубайи АМА ба  шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Тамоми масъалаҳои марбут ба корҳои ташкилию ташрифотии сафари гурӯҳи мазкурро фонди «Лона» ба уҳда дошт.

Гурӯҳи мазкур муштаракан бо мутахассисони тоҷикистонӣ давоми як ҳафта 20 ҷарроҳии кушодаи қалби кӯдакони бемориашон шадид ва 40 ҷарроҳии усули ангиографиро  бомуваффақият гузаронид. Ҳамаи ин 60 нафар кӯдакони ҷарроҳишуда пурра шифо ёфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки тамоми амалиёти ҷарроҳӣ, ташхисҳо ва таъминот бо дорувориҳои тавонбахш барои давраи барқарорсозии баъди  ҷарроҳии  кӯдакони бемор ройгон ва бо мусоидати Фонди хайрияи Муҳаммад Рашид ал-Мақдум анҷом дода шуданд.

 Соли 2017 фонди хайрияи «Лона» дар доираи фаъолияти оинномавиаш барои истифодаи касбии мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дар ҳаҷми як контейнер  ба маблағи умумии 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ  кумаки техникӣ расонид,  ки  он шомили 58 номгӯй таҷҳизоти мухталифи мавриди ниёзи ин маркази табобатӣ буд. Таҷҳизоти мазкур ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии  тиббии марказ барои шаҳрвандони бемор ва ниёзманд мусоидат хоҳад кард.

Ба «Лона» номаҳои бешумори сипос   ворид мешаванд

 Волидони хурдсолоне, ки аз ранҷи  бемории даҳшатбори саратон  азият мекашанд ва Фонди хайрияи «Лона» дар табобати   онҳо саҳм  мегузорад, имрӯз аз муассис ва кормандони он изҳори сипосу қадршиносӣ мекунанд. Ба    «Лона» номаҳои пур аз меҳру саршор аз миннатдории онҳо пайваста ворид мегарданд.

Сипосномаи меҳрбори наврасон ва пайвандони онҳо ба кормандони «Лона» илҳоми тоза бахшида, қадамҳои эшонро дар ин роҳи хайр боз ҳам қавитар мегардонад. Дар яке аз чунин номаҳо омадааст: «Ба  муассиси Фонди хайрияи «Лона»,  ба шахси хайрхоҳу кумакрасон муҳтарам Озода Раҳмон! Сипоси бепоёни моро аз номи волидайни кӯдаконе, ки бо амри тақдир ба бемории даҳшатбори саратон гирифтор шудаанд ва ҳоло бо умеди зиёд дар табобатхона   муолиҷа  мегиранд,  қабул намоед. Тамоми боигарии дунё дар назди саломатӣ ҳеҷ арзиш надорад. Худованд онро ба касе арзонӣ ва ба дигаре қариб, ки ба қимати ҷон медиҳад.

Бо вуҷуди даҳшатовар будани бемории саратон илми тибби имрӯза мекӯшад, то роҳу усули беҳтари мубориза бар зидди онро дарёбад. Боиси таассуф аст, ки ба даст овардани ин дорувориҳо дар муддати дуру дарози муолиҷа барои беморони мубталои ин беморӣ хеле гарону сангин буда, харҷи маблағи калонро тақозо мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин ашхос пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Лекин барои бартараф намудани  ин мушкилӣ  он  кифоя буда наметавонад. Дар баробари ин фонду ташкилотҳои хайриявӣ ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳе низ ҳастанд, ки бо кумаку дастгирии худ дар ин самт саҳмгузоранд. Аз ҷумла, Фонди хайрияи «Лона», ки бо ташаббусу дастгирии Шумо   таъсис ёфтааст,  ёрии худро ба кӯдакони мубталои бемории саратон  дареғ намедорад.

Шукр ба даргоҳи Худованд, ки дар ҷомеа чунин ашхоси дилсӯзу саховатпеша мисли Шумо ҳастанд. Бо кумаку дастгирии Шумо мо тавонистем дорувориҳои заруриро дастрас намуда, муолиҷаи   фарзандонамонро  идома диҳем.

Инчунин Шумо бо ташкили барномаҳои консертиву намоишҳои театрӣ, тақдими шириниҳои лазиз, либосу бозичаҳои гуногун, ки ба табъи кӯдакон хушоянданд, онҳо ва моро ба зиндагӣ дилгарм месозед. Шумо бо ин аъмоли неку хайрхоҳонаатон савоби дучанд ба даст меоред. Тасодуфӣ нест, ки фонд «Лона» номгузорӣ шудааст. Лона манзили чӯҷаҳои паррандаҳо ба шумор рафта, ҷоест, ки ин чӯҷаҳоро аз хавфи нобуд шудан эмин медорад. Табиист, ки он хонаи умеди паррандагон ва чӯҷаҳои ба тозагӣ ба дунё омадаи онҳо мебошад. Аз ин лона чӯҷаҳо бол кушода, парвози нахустини худро оғоз менамоянд. Бигзор Фонди Шумо минбаъд  низ барои эҳтиёҷмандон хонаи умед гардад.

Бо эҳтироми  бепоён: Баҳромова Гулибоғ, Одинаева Маҳбуба,
Алиева Меҳринисо, Эшмуродова Шоҳсанам,  Бобомуродова Бахтигул, Саидов Муборак, Холиқов Исматулло, Маҳмуродова Латофат, Гулоева Бунафша ва дигарон».

«Лона» доираи фаъолияти худро васеъ менамояд

 Фонди хайрияи «Лона» тасмим гирифтааст, ки дар оянда мувофиқи дурнамо доираи фаъолияти худро васеъ намуда, ба ин восита дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ кумакрасони эҳтиёҷмандон бошад. Дар асоси дастури муассис  кормандони  Фонд  ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ бо кишварҳои марбутаи хориҷӣ ва дар доираи  иҷрои  бандҳои нақшаи солона,  ба  таври кулл  бо кишварҳои хориҷӣ  якчанд  мулоқот анҷом  дода,  қадамҳои  аввалинро  дар самти густариш ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба бо фонду ташкилотхои хайриявии хориҷӣ  гузоштанд.  Ин ҳамкорӣ минбаъд низ  вусъат дода мешавад.

Дар  назар аст, ки  соли 2018 пайгирии  самти  ҳамкорӣ бо  кишварҳои  хориҷӣ  афзалиятнок  шумурда шуда, лоиҳаҳои зиёде аз ҷониби Фонд бо кумаки  онҳо дар ҷумҳурӣ  татбиқ  мегарданд.

Фонди хайрияи «Лона»  ширкату корхонаҳо, ташкилоту муассиса ва соҳибкорону шахсони саховатпешаро ба ҳамкорӣ даъват намуда, изҳор медорад, ки онҳо низ метавонанд  барои амалӣ гаштани ин иқдоми хайрхоҳона  саҳми худро гузоранд.

 Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Март 8, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст