Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз $ 620,0 млн. ба имзо расонида шуд

Март 13, 2018 12:17

ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 620,0 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.

Дар Муассисаи давлатии «Кохи Истиқлол» – и шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум бо сухани ифтитоҳии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон Суҳроб Холмуродов оғоз гардид.

Дар форум наздики 500 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, соҳибкорони ҳар ду давлат ширкат варзиданд. Ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории худро тавассути наворҳо муаррифӣ намуданд.

Дар идомаи форум мусоҳибаи байни соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҷонибҳо (В2G) ва нишаст дар формати соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар фазои самимият ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, баъд аз муколамаи дутарафа ва ба мувофиқа омадани ҷонибҳо оид ба робитаи тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя байни соҳибкорон қарордодҳо ба имзо расонида шуданд.

 

 

 

 

Март 13, 2018 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид