Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муносиботи нави ҳамкории иқтисодӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба умумиятҳои ҳудудӣ-ҷуғрофӣ, таърихӣ ва фарҳангии ин кишварҳои ҳамсоя асос ёфта, таърихи чандинасра дорад.
Умумиятҳои кишварҳо ва халқҳо новобаста аз омилҳои сиёсию субъективӣ тақоза менамоянд, ки ҳамкории мутақобилан судманд миёни онҳо ҷой дошта бошанд, зеро ин роҳи ягонаи ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои ҳамсоя дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад.
Бо сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо, ки рӯзҳои 9 ва 10 марти соли равон сурат гирифт, марҳилаи нави ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санадҳои нави ҳамкории баимзорасида ба пойдоршавӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамоянд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки бе таъмини ҳаракати озоди одамон, нақлиёт ва молҳо дар байни кишварҳои ҳамсоя дар бораи ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстию бародарӣ, инчунин рушди ҳамгироии минтақавӣ ҳоҷати сухан гуфтан нест. Бинобар ин яке аз натиҷаҳои муҳими сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо- ин ҳалли масъалаи таъмини ҳаракати озоди одамон, нақлиёт ва молҳо дар байни кишварҳои ҳамсоя мебошад.
Ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид барои сафарҳои доимии шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз, кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг» ва барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя ба манфиати соҳибкорон ва мардумони ҳарду кишвар буда, ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба шароити мусоид фароҳам меорад. Дар натиҷаи ин иқдоми нек иқтидори транзитии Тоҷикистону Ӯзбекистон меафзояд, ки ин бешубҳа, ба болоравии мақоми онҳо дар Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мебахшад.
Қобили зикр аст, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо як силсила созишномаҳои байниҳукуматӣ ва идоравӣ доир ба инкишофи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, гумрук, молия ва минтақаҳои ду кишвар ба имзо расиданд, ки онҳо ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ мусоидат мекунанд.
То имрӯз савдои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон назаррас набуда, ба иқтидори иқтисодии онҳо мувофиқат намекард. Дар соли гузашта ҳаҷми савдои хориҷии ин кишварҳои ҳамсоя ҳамагӣ 126,4 млн. долларро ташкил дода буд. Барои муқоиса: ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Туркия ва Чин мутаносибан 315,0 ва 885,1 млн. долларро ташкил медиҳад. Он молҳое, ки аз Туркия ва Чин ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, метавонем онҳоро аз ин кишвари ҳамсоя гирем. Дар ин ҳолат, арзиши молҳои воридотӣ аз ҳисоби хароҷоти нақлиётӣ ва трансаксионӣ кам шуда, боиси поёнравии нархи онҳо дар бозори дохилӣ мегардад. Инчунин тибқи талаботи бозори дохилии мамлакат мо ниёз дорем, ки аз кишвари ҳамсоя гази табиӣ, либос, баъзе молҳои истеъмолӣ ва нуриҳои минералӣ ворид намоем.
Дар навбати худ кишвари ҳамсоя ба молҳои содиротии мо, ба монанди алюминий ва молҳои аз он истеҳсолшуда, неруи барқ, семент, сабзавоту картошкаи барвақтӣ ва ғайра ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар ду кишвар аз рушди минбаъдаи савдои хориҷии мутақобил манфиатдор мебошанд. Тасодуфӣ нест, ки дар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо рушди минбаъдаи савдои хориҷии мутақобил яке аз масъалаҳои муҳим буд ва сарварони кишварҳои ҳамсоя ба хулосае омаданд, ки солҳои наздик ҳаҷми савдои хориҷӣ то 500 млн. доллар расонида шавад.
Ҷиҳати таҳким додани рушди савдои хориҷӣ ва иқтисодӣ як силсила чорабиниҳо бидуни кушодани сарҳадҳо андешида шуданд, аз ҷумла, ташкили тартиби содаи амалисозии амалиёти гумрукӣ ҳангоми гузаронидани маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод, мубодилаи маълумот оид ба гузаронидани маҳсулот дар савдои мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таъмини рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва ноҳияҳои сарҳадӣ.
Тибқи санадҳои баимзорасида, дар ояндаи наздик дар рушди муносибатҳои молиявии кишварҳои ҳамсоя тағйироти куллии сифатан нав ба амал меоянд, ки дар натиҷа сармоягузориҳои мутақобила ва ташкили корхонаҳои муштараки кишварҳои ҳамсоя бори аввал тайи солҳои соҳибистиқлолӣ оғоз мегарданд. Бо ин мақсад Созишномаи байни ду давлат дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ қабул шудааст.
Марҳилаи нави ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳлил намуда, бояд зикр кард, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо, баъзе масъалаҳои солҳои тӯлонӣ баҳсталаб дар байни кишварҳои ҳамсоя оид ба бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, НБО-и «Роғун», тақсим ва истифодаи захираҳои обӣ ҳалли худро ёфтанд. Ин боиси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии иқтисодии кишварҳои ҳамсоя мегардад.
Соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рущди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Ба ин муносибат дар мулоқоту музокироти сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди сайёҳӣ дар байни кишварҳои ҳамсоя ва нақши он дар наздикшавии халқҳои бародар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ қабул шуд, ки ин баробари ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз ва кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба рушди сайёҳӣ дар байни кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамояд.
Ҷамъбасти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба кишвари мо, бо назардошти имзои созишномаҳои муҳими байнидавлатӣ, ки муносибатҳои ду давлати ҳамсояро ба сатҳи сифатан нав бароварда, онҳоро ба шарикони стратегӣ табдил медиҳад, ҳамчун оғози марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон арзёбӣ мекунем.
Шукрулло ХАЙРЗОДА,
ректори Донишкадаи молия
ва иқтисоди Тоҷикистон