МУБОРАК БОШАД! Раҳимҷон Саидзода соҳиби аввалин дипломи доктори илми Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин дипломи доктори илмҳои техникии (ДДИ № 0001) Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба муовини ректор оид ба таълим, муовини аввали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Раҳимҷон Саидзода супорида шуд. Ин дипломро раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», доктори илмҳои таърих, профессор Абдулҳаким Розиқзода дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба соҳибаш супорид.
Ҳамзамон дипломи дуюми доктори илмҳои химия ба дотсенти кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии ҳамин Донишгоҳ Зиёдулло Обидов супорида шуд.
Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2018 ба аввалин шахсоне, ки рисолаи илмӣ ҳимоя намуданд, дараҷаҳои илмии номзади илмҳо ва доктори илмҳо дода шуд.
Инчунин ба ду нафар, ки аввалин шуда рисолаҳои дараҷаи илмии номзадӣ ҳимоя намудаанд, дипломи номзади илм супорида шуд. Ба муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Ҳамзақул Ниёзов дипломи номзади илмҳои техникӣ ва ба муаллими калони кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон Оқил Осимӣ дипломи номзади илмҳои техникӣ супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки Р. Саидзода соли 1998 рисолаи илмии номзадиашро дар мавзӯи «Хӯлаҳои алюминий ва берилий бо баъзе металлҳои нодирзаминӣ» барои дараҷаи номзади илмҳои техникӣ ва соли 2017 рисолаи илмии докториашро дар мавзӯи «Сохторбандӣ ва хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаҳои сабуки алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ» барои дараҷаи доктори илмҳои техникӣ ҳимоя намудааст.
Зери роҳбарии ӯ ду нафар рисолаи номзади илмҳо (2015, 2017) ҳимоя намудаанд. Муаллифи се монография ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ-методӣ буда, дорои се ихтироъ-нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2011, 2013, 2015) мебошад.
Номбурда таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро идомаи мантиқии давлатсозии миллӣ дар замони истиқлолият номида, таъкид намуд, ки ин ниҳод маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуд. Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки олимони илмҳои техникӣ ва гуманитарии тоҷик корҳои номзадӣ ва докториро дар Ватани худ ҳимоя мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2014 бо дастгирӣ ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мақсади ташкили ин муассиса аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва илмию педагогии тахассусии олӣ буд.
Дар асоси фаъолияти пурмаҳсули ин муассиса дар назди муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ шӯроҳои диссертатсионӣ ба кори худ оғоз намуданд, ки шумораи онҳо имрӯз ба 41 адад расидааст.
Аз моҳи октябри соли гузашта аллакай дар ин шӯроҳои диссертатсионӣ ҳимояи рисолаҳои дараҷаи илмии номзадӣ ва докторӣ ба роҳ монда шуд.
Маълумотномаи АМИТ “Ховар”
Раҳимҷон Саидзода 7 июни соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст.
Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1986-1993 дар факултети автомобил ва роҳҳои автомобилгарди Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ) таҳсил намудааст. Дар вақти таҳсил, солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (ш.Горкий, Федератсияи Россия) хизмати ҳарбӣ намудааст.
Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1993 дар кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба ҳайси ассистент оғоз намуда, баъдан дар вазифаи муаллими калон ва дотсент идома додааст. Аз моҳи феврал то моҳи сентябри соли 2003 дар вазифаи сардори бахши илмӣ-тадқиқотӣ, солҳои 2003-2005 мудири кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология», солҳои 2004-2005 ноиби ректори донишгоҳи мазкур оид ба тарбия ва солҳои 2005-2009 директори Коллеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ фаъолият намудааст.
Аз моҳи июни соли 2009 фаъолияташро дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввал ба ҳайси сардори раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ оғоз намуда, аз соли 2010 ба ҳайси муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф идома додааст.
Аз моҳи ноябри соли 2011 то моҳи феврали соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи марти соли 2015 то моҳи марти соли 2017 ба тариқи гузариш дар вазифаи сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2017 то ҳол дар вазифаи муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият дорад.
Мушовири хизмати давлатии дараҷаи якум.
Меҳнати бисёрсола ва пурсамари Раҳимҷон Саидзода бо мукофотҳои гуногун қадршиносӣ шудааст. Аз ҷумла, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (1999), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003) ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009).