Мулоқоти навбатии аъзои Гурӯҳи «Дӯстони об» дар Ню-Йорк
ДУШАНБЕ, 06.03.2018./АМИТ «Ховар»/. 5 марти соли 2018 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов мулоқоти навбатии аъзои Гурӯҳи “Дӯстони об” баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот дар баробари аъзои гурӯҳи мазкур ҳамчунин Раиси Дастгоҳи Президенти Маҷмаи Умумии СММ Ф. Рузичка, намояндаи махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масоили об Ҷ. Кунҷул ва дигарон маърӯза намуданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон М. Маҳмадаминов роҷеъ ба масъалаҳои амалисозии ташаббуси нави Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва раванди омодагӣ ба чорабиниҳои дарпешистодаи марбута, аз ҷумла чорабинии махсус оид ба оғози Даҳсола (22 марти 2018, Ню-Йорк) ва Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи болозикр (20-22 июни 2018, Душанбе) маълумоти муфассал пешкаш намуд.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин маърӯзаҳои Ф. Рузичка оид ба омодагӣ ба чорабинии муштараки Тоҷикистон ва Дафтари Президенти МУ СММ – Оғози расмии Даҳсолаи “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, Ҷ. Кунҷул оид ба фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба масоили об ва дигар аъзоёни Гурӯҳи Дӯстони Об, аз ҷумла намояндагони ИМА, Россия, Канада, Финляндия, Қатар ва соири дигар давлатҳо оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об шунида шуданд.









Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






