НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДААМОН БО ТАҶРИБАИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИХОР МЕКУНАНД! Дар партави рушди муносибатҳои дипломатӣ ва созанда миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Март 30, 2018 12:01

ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агар ба таърих дақиқтар назар афканем, дар ин дунё ба ҷуз номи нек ва кори нек чизе абадӣ нест. Сиёсатмадорон низ меоянду мераванд, вале ҳар кадом ба қадри ҳиммати худ ба ҷараёни воқеаҳо ва рӯйдодҳо чӣ дар кишвари худ ва чӣ берун аз он таъсир мерасонанд ва бо аъмоли неку тақдирсоз номи худро дар саҳифаҳои таърих ҷовидонӣ месозанд. Чунин нақшро дар таърихи давлатдории тоҷикон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  бозид. Ин абармарди дунёи сиёсат чун Авраам Линколн, ки дар замони худ барои нигоҳ доштани ягонагии ҷомеаи амрикоӣ талошҳо варзида буд, тавонист дар вазъияти бисёр мураккабу печидаи сиёсӣ сулҳ барқарор намояду суннатҳои давлатдорӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистонро таъмин созад. Талошҳои созанда ва пайвастаи ин абармарди дунёи сиёсат бори дигар собит намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули рушди муносибатҳои дипломатӣ ва созанда дар миқёси сарони давлатҳои ҷаҳон беҳамтост.

Талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ, пеш аз ҳама, дар кори  ба эътидол овардани авзои сиёсии мамлакат ва гирифтани пеши роҳи қатлу хунрезӣ, фароҳам овардани шароити созанда ва созгор барои зиндагии арзандаи мардуми Тоҷикистон, ташкили рушди муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур, қотеъона гирифтани пеши роҳи терроризму экстремизм ва амсоли инҳо буд. Маҳз бо ҳамин талошҳои пайваста ва созандаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ бароварда шуда, дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун як давлати воҳид дар миқёси кишварҳои ҷаҳон шинохта шуд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар саҳифаи таърихи навини тоҷик санаи 9-10 марти соли 2018 байни сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон як падидаи нав ба амал омад. Дар доираи ин муносибатҳо намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ҳамчунин рӯйдоди муҳими дигар, ки бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба амал омад, ифтитоҳи Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг» мебошад.

Инчунин мавриди зикри хос аст, ки бо талошҳову ташаббусҳои неки Сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуданд, ки ин мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд. Акнун шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя, ки муносибатҳои дӯстию хешу табории онҳо таърихи чандинасра дорад, бемамониат рафту омад мекунанд. Ин муносибатҳо бори дигар барои таҳкими рушди муносибатҳои дӯстӣ ва осон гардонидани равобити тиҷоратии байни ду давлат мусоидат мекунанд.

Аз  нигоҳи мо, корнамоии Пешвои муаззами миллати тоҷик, ки  аз  аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ дар Қасри Арбоб оғоз меёбад,  ба  корнамоии Юсуфи мисрӣ,  Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ баробар аст ва  умри ҷовидонӣ дорад.

Солҳо  паси  сар мешаванд, наслҳои ояндаи миллати мо ба  саҳифаҳои таърихи давлатдориамон назар меафкананд ва аз доштани чунин нобиға, ки таҷрибаи сулҳофариашон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст,  ифтихор хоҳанд кард.

 

Саидхуҷа МАХШУЛОВ,

муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Март 30, 2018 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 260 нафар кӯдакону наврасон фароғат менамоянд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 45 дараҷа мерасад
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имсол дар телевизионҳои Тоҷикистон 39 лоиҳа ва барномаҳои нав намоиш дода шуданд
Ҳифзи Ватанро аз фазилатҳои Пешвои миллат бояд омӯхт!
22 июл дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Даври ниҳоӣ дар баландӣ. Дар Бадахшон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Соҳибкорону сокинон дар корҳои ободонии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст