НАВИДИ ХУШ! Дар сомонаи ВКХ Ӯзбекистон бахши хабарҳо бо забони тоҷикӣ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сомонаи расмии худ бахши хабарҳоро бо забони тоҷикӣ созмон дод. Дар ин бахш асосан хабарҳо дар бораи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ғайраҳо ҷой дода шудаанд.
То ин дам дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабару мавод бо забонҳои ӯзбекӣ (лотинӣ), русӣ ва англисӣ интишор мешуданд.
«9 марти соли 2018 дар саҳифаи асосии сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бахши нав боз карда шуд, ки он ба тоҷикзабонон имкон медиҳад бо забони модарии худ бо рӯйдодҳои асосии сиёсии Ӯзбекистон шинос шаванд. Бахши нав бо мусоидати фаъоли ҳайати таҳририяи рӯзномаи Олий Мажлис /Маҷлиси Олӣ/ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Овози тоҷик», ки аз соли 1924 инҷониб нашр мешавад, созмон дода шуд. Яке аз аввалин маводи бахши мазкур хабар дар бораи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд», — гуфта мешавад дар сомонаи ВКХ Ӯзбекистон.
Яке аз охирин маводи дар ин бахш ҷойдодашуда «Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: марҳилаи нави ҳамкорӣ» ном дорад, ки дар он дар бораи сафари давлатии Ш. Мирзиёев ба Тоҷикистон гуфта шудааст. Аз ҷумла, дар он омадааст: «Дар Ӯзбекистон 1.5 миллион нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд, дар 10 минтақаи кишвар марказҳои фарҳангии тоҷикон фаъолият доранд ва дар донишгоҳҳои Самарқанд, Тирмиз ва Фарғона шуъбаҳои забони тоҷикӣ ҳастанд».
Дар маводи дигар фаъолони ҷомеаи тоҷикон дар Ӯзбекистон — Зоҳир Ҳасанзода ва Амина Шарофиддинова дар бораи гузаргоҳи сарҳадии «Саразм-Ҷартеппа», ки шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқандро бо ҳам мепайвандад, андешаҳои худро баён доштаанд. «Одамони шиносу ношинос аз ин рӯйдоди фараҳбахш ва деринтизор масрур шуда, ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд», -менависанд онҳо.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






