Нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо шарофати иродаи сиёсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев раванди беҳбуди қобили таваҷҷуҳе дар муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Яке аз намунаҳои боризи дар амал татбиқ намудани талаботи созишномаҳо ифтитоҳи расмии 9 нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, ки 1 марти соли 2018 сурат гирифт.
Гузаргоҳҳои автомобилии «Саразм» (муқобили «Ҷартеппа»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Ӯротеппа» («Кушкент»), «Ҳавотоғ» («Учқурғон»), «Зафаробод» («Ҳавастобод»), «Ҳаштяк» («Бекобод»), «Навбунёд» («Поп»), «Равот» («Равот»), «Айвоҷ» («Гулбаҳор») ва гузаргоҳи роҳи оҳани «Хошади» («Амузанг») кори худро дубора оғоз намуданд.
Интизор меравад, ки аввалин қатори мусофирбар бо хатсайри «Кӯлоб-Москва» тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани «Хошади» («Амузанг») 7 марти соли 2018 ба роҳ барояд.
Маросими кушодашавии нуқтаҳои сарҳадӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи дӯстона бо иштироки намояндагони расмӣ ва инчунин сокинони минтақаҳои сарҳадии ду давлат сурат гирифт.
Ин рӯйдод, ки мардумони ҳар ду мамлакат дер боз интизори он буданд, рафту омади шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳуриро ба таври чашмгир осон менамояд ва дар натиҷа барои наздикшавӣ ва якдигарфаҳмӣ хизмат хоҳад кард. Дар маҷмӯъ, он барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам меорад.











Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






