Оғози расмии татбиқи ташаббуси нави глобалӣ

Март 26, 2018 09:04

ДУШАНБЕ, 26.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Қобили тазаккур аст, ки суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Созмони Миллали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» такони ҷиддии иҷтимоию сиёсие дар арсаи байналмилалӣ ба миён овард.

Дар ин самт ҳанӯз Президенти кишвар дар Паёми навбатии соли 2017 таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақшаи барномаи пешбарро идома хоҳем дод. Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи  байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди тадбиқи ташаббуси нави глобалии мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин дурнамои стратегӣ оид ба масъалаи глобалӣ дар соҳаи об Пешвои миллат аз минбари баланди СММ баромад карда, бори дигар мардуми сайёраро ёдрас намудаанд, ки «захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад».

Пешвои миллат дар суханронияшон махсус  қайд намуданд, ки «мо тавонистем, тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчӯби ташаббусҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», корҳои зиёдеро ба сомон расонем». Дар баробари ин,  ҳадафи асосии  оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро  иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа  муаррифӣ намуданд.

Маълум аст, ки дар оғози асри 21 кураи замин бо аҳолии зиёда аз 6 млрд. одам ва бо тарзи ҳаёти гуногун бо буҳрони ҷиддии захираҳои обӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Бо пешгӯии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ин ҳолат дар оянда низ бад шуданаш имконият дорад, дар сурате ки, агар барои ислоҳи он чораҳои зарурӣ андешида нашавад. Дар тӯли таърих ҳам пешравии инсоният аз дастрасӣ ба оби тоза ва қобилияти ҷомеа аз истифодабарии иқтидори об ҳамчун захираҳои истеҳсолӣ вобастагӣ дошт. Об яке аз меъёрҳои асосии инкишофи иқтисодии минтақаҳои ҷудогона ва кишварҳои зиёди олам мебошад.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар суханрониашон изҳор намудаанд, ки дар назди мо як қатор вазифаҳои иловагӣ ва дастҷамъонае гузошта шудааст, ки имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд ва мо бояд ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоем:

Якум, тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст ва кӯшишҳои моро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад.

Дуюм, ин афзоиши аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об мебошад, ки вазифаҳои нав ва мураккабро пеш меорад.

Сеюм, ин ҷанбаи гендерии масоили об аст, ки бояд дар назар гирифта шавад. Занон бояд ба раванди рушд бо тақвияти нақши онҳо дар идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об фаъолона ҷалб карда шаванд.

Чорум, воситаҳои татбиқ, ки тавассути онҳо мо бояд нақшаҳо ва амалҳои худро таҳким бахшем. Аз ҷумла, захираҳои инсониву молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологияҳои пешқадам.

Панҷум, ин унсури фаромарзии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо нақши меҳварӣ мебозад.

Бояд тазаккур дод, ки дар сурати ҳал нагардидани масъалаҳои мазкур ин омилҳо метавонанд низоъҳои нави дохилӣ ва байналмилалиро дар гирду атрофи масъалаи об ба миён оранд. Албатта тағйиротҳои иқлимӣ ба масъалаи  захираҳои обӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад, аз ҷумла хусусиятҳои хушкшавӣ ва обхезӣ солҳои охир хеле фаъол шуда истодаанд. Ба замми ин, масъалаи таъмини об ва истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромиллӣ имрӯз дар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Баҳсҳо дар бораи захираҳои оби ошомиданӣ, ки аслан дар кӯҳу дара ва дигар мавзеъҳо ташаккул ёфта, ба ҳавзу дарёҳо ҷорӣ мегарданд, метавонанд ба як ё якчанд кишвар тааллуқ дошта бошанд. Дар суханронӣ муҳим будани масалаи рушди устувор ва амният тавассути ҳамкории оқилонаву самаранок таъкид  шуда,  қайд гардид, ки «имрӯз дар ҷаҳон 276 ҳавзаи дарёҳои  байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди 148 кишвар, ки беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон дар онҳо маскун мебошад, вуҷуд дорад». Ҳамзамон, зиёдшавии доимии шумораи аҳолӣ, истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои обӣ, истифодаи беназорати об дар шаҳрҳо, ифлосшавии саноатӣ, тағйиротҳои ҷаҳонии иқлим ва инчунин хусусиятҳои табии захираҳои обӣ, ки ҳамагӣ 2,5 фоизи ҳаҷми умумии оби ҷаҳониро ташкил медиҳанд, омилҳои асосии афзудани буҳрони захираҳо обӣ дар ҷаҳон мебошад.

Бояд гуфт, ки аз муҳтавои суханронии Пешвои миллат бар меояд, ки ҳалли масъалаҳои норасоии захираҳои обӣ талошҳои дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд. Зеро аз як ҷониб кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки хеле ҷиддӣ норасоии захираҳои обиро ҳис мекунанд, аз ин ҳолат мустақилона баромад наметавонанд. Аз ҷониби дигар, бесуботии байналмилалӣ ба тезутундшавии буҳрони захираҳои обӣ ва таъмини об ба кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ ҳамчун шароити зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир ба шумор меравад, ки барои ҳалли онҳо нақши сарварони сиёсӣ, дипломатҳову сафирон ва зиёиёни кишварҳои мухталиф бояд авалиндараҷа бошад.

Дар партави баромади Президенти муҳтарами кишвар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин конференсияро рӯзи 23 –марти соли 2018 бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор намуд, ки дар он олимону таҳқиқотчиёни кишварамон умдатарин масъалаҳоро дар мавриди захираҳои об мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

 

                                                                          Муҳаммад АБДУРАҲМОН,

ноиби Президенти АИ ҶТ, профессор

 

 

Март 26, 2018 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд