«Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност» – шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» (26.03.2018,№59-60) бо суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз»: «Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст», аз чоп баромадааст. Дар саҳифаи аввали нашрия гузориши муфассал аз маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар он муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин 8 лоиҳаи қонунҳои ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд, дарҷ гардидааст.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақолаи «Рӯйдоди бузурги таърихӣ»-ро пешниҳоди хонандагони «Ҷумҳурият» кардааст, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Дар ҳақиқат, баргузории иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии СММ ва ташкили чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик боз як рӯйдоди бузурги таърихӣ буда, барои боло рафтани мақоми кишвар нақши калидӣ бозид. Махсусан, захматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт беназир мебошад».
Хотиррасон мешавем, ки ҳафтаи гузашта Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Штатҳои Мутаҳидаи Америка рафтанд. Зимни ин сафар Пешвои миллат бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш мулоқот карда, дар маросими имзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб иштирок намуданд ва дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилали амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 суханронӣ карданд. Президенти мамлакат ҳамчунин зимни сафари бобарор дар ҳамоиш таҳти унвони «Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми Рушди Устувор» ва зиёфати хосса таҳти номи «Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 иштирок ва суханронӣ намуда, Раиси ниҳоди «СММ-Об», президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо ба ҳузур пазируфта, бо ӯ мулоқот баргузор намуданд. Дар баробари ҳамин, Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мусоҳиба анҷом доданд, дар маҷаллаи «Нигориши СММ» бо номи «Об барои рушди устувор» мақолаи пурмуҳтаворо пешкаши доираи васеи хонандагон намуданд. Ҳамчунин дар ин сафари корӣ ба Ню-Йорк Сарвари давлат бо роҳбарияти ширкати маъруфи ҷаҳонӣ «Боинг» мулоқот карда, вобаста ба таъмин намудани ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон бо тайёраҳои муосири навъи «Боинг» ва беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамин тавр нашрияҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози» ин сафари бобарори Пешвои миллатро инъикос намуда, ҳамчунин аз тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, корхонаву муассисаҳо, инчунин ифтитоҳи як қатор иншооти фарҳангӣ-фароғатӣ дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе хабару гузоришҳо пешкаши хонандагон кардаанд.
Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» матни суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат бо сарлавҳаи «Зиёиён неруи тавонои пешбари миллатанд» чоп карда, оид ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни ду кишвари ҳамсоя- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мақолаи профессор Ғ.Ҷӯраевро бо номи «Дӯстӣ густаришбахши робитаҳост» ва андешаҳои М.Абдуллоеваро «Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност» пешкаши хонандагон намудааст. Нашрия ҳамчунин Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2018-2019-ро, ки бо қарори маҷлиси мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст, барои кормандони соҳаи маориф чоп кардааст.
Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» аз эҷодиёти адибон навиштаҳои зеринро чоп кардааст: «Муҳаббат мерасонад оби Наврӯз» (муаллиф Л.Мирзоҳасан), «Муъҷизаи шеър» (муаллиф А.Сатторзода), «Як сафҳа баҳор», (муаллиф С.Зарафшонфар), «Савдо» (муаллиф М.Амиршоҳӣ), «Қатра шав, бар рӯи қоғаз рез, то рӯяд садо» (муаллиф К.Насрулло) «Помидорҳои заҳролуд» (муаллиф Бурибеки Худобахш).
Нашрия ҳамчунин дар партави мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат мақолаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосимро бо номи «Савганди Наврӯз» ва бахшида ба 140-солагии Устод Садриддин Айнӣ мақолаи Замира Ӯлмасоваро бо сарлавҳаи «Садриддин Айнӣ – нависанда ва муаррихи замон» ба нашр расонидааст.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» матни суханронии Сарвари давлатро дар минбари баланди СММ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Тоҷикистон эълон шудааст, бознашр карда, аз тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи хуҷастапай гузоришҳо ва мақолаҳои ҷолиб чоп кардааст.