ОБУ ҲАВО: Дар Рӯзи Модар ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Март 8, 2018 08:06

ДУШАНБЕ, 08.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.

Имрӯз, 8 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 1-6 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳарорат шабона 12-17 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, фаромадани туман пешбинӣ шудааст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Шабона 4-6 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Март 8, 2018 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд