ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 09.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст.
Имрӯз, 9 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 19-24 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 дараҷа ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳои боридани барфу борон пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-1 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳарорат шабона 15-20 дараҷа сард ва рӯзона 2-3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, нимаи аввали рӯз боронӣ мешавад. Шабона 9-11 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






