ОГОҲИИ ОБУҲАВОШИНОСОН: тӯли 3 рӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид, эҳтимоли баландшавии оби дарёҳо ва фаромадани тарма дар назар аст

Март 10, 2018 09:39

ДУШАНБЕ,10.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 11 то 13 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид шуда, боридани боронҳои зиёд ва дар баландии 2000 м бориши барф дар назар аст.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур хабар доданд, бар асари боришоти зиёд дар дарёҳои аз қаторкӯҳи Ҳисор ҷоришаванда, инчунин дар дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу баландшавии сатҳи об пешгӯӣ карда мешавад. Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тоеби марказ эҳтимоли омадани сел дар назар аст. Дар баландии 2000 м фаромадани тарма дар назар аст.

Имрӯз, 10 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 дараҷа ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 3-2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳарорат шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад.  Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона 7-12 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

Март 10, 2018 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд