ПОЙГАИ САМАНД. Дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ баргузор мегардад

Март 16, 2018 14:26

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 31 марти соли равон, соати 14:00, ҳамаи хоҳишмандонро ба мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор мешавад, даъват менамояд.

Тавре аз Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ» хабар доданд,  мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад.

Мусобиқа бо ширкати аспҳои ватанию хориҷӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойгаи мазкур аспҳои худро пешниҳод намуда, фаъолона иштирок намоянд.

Ғолибонро ҷоиза ва мукофотҳои қиматбаҳо интизоранд.

Март 16, 2018 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад