Рӯзноманигорон дар пешгирии бемории сил саҳм мегузоранд. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ин маризӣ бахшида мешавад

Март 24, 2018 08:43

ДУШАНБЕ, 24.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 24 март дар тамоми дунё  ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил ҷашн гирифта мешавад. Дар ин робита  бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Барномаи USAID дар Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемории сил  як зумра рӯзноманигорон  бо мақсади  шиносоӣ бо фаъолияти марказҳои зиддисилӣ,  пешгирии ин беморӣ,   ҳамчунин баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ тавассути ВАО   ба   шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  сафарбар  шуданд.  Дар ин ҳайат хабарнигори АМИТ «Ховар» низ шомил  гардида буд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  рӯзноманигорон  тӯли  як ҳафта аз фаъолияти марказҳои зиддисилии шаҳри Конибодом, ноҳияҳои  Спитамен ва Мастчоҳи вилояти Суғд дидан карданд.

Тавре маълум гардид,  аз соли 2015 то  инҷониб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби фаъолони ҷомеа кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил шуда, ҷиҳати пешгирии  бемории сил дар байни сокинон  корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.   Ба  Кумитаи мазкур   занҳои фаъол, намояндагони дин,  маориф, кормандони тиб ва ҷавонон шомил мебошанд.

Тавре  роҳбари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  ноҳияи Спитамен Ойнисо Сарбозова иброз дошт, маркази мазкур  фаъолияти худро дар асоси   татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»  ба роҳ монда,  мақсади асосии  барнома- ин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба тарзи ҳаёти солим мебошад.

«Яке аз корҳои фаҳмондадиҳии мо машварат бурдан миёни  аҳолӣ  оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ,   ташкил намудани ҳамоишҳо ва дӯконҳои саломатӣ барои паҳн намудани маводи иттилоотӣ оид ба тарзи ҳаёти солим мебошад»,- иброз намуд номбурда. Ӯ афзуд, ки    барои бештар паҳн намудани иттилоъ  оид   ба  бемории сил фаъолияти  танҳо  кормандони марказҳои марбута  кифоя нест. Аз ин рӯ,   барои пешрафти корҳои тарғиботӣ дар ноҳия кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил кардаем, ки аъзои он шахсони ихтиёрӣ  мебошанд.    Аъзои Кумитаи мазкур  дар  вохӯриҳо     мардумро барои  сари  вақт  муайян    намудани  ин  беморӣ  ҳидоят намуда, дар сурати пайдо гардидани  гирифторони он ба  онҳо ва оилаашон   кумак мерасонанд.  Онҳо  моҳе  2 маротиба дар байни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ гузаронида,    афродеро, ки нишонаҳои беморӣ дар онҳо мушоҳида мешавад,  бо  роҳхат барои гузаштан аз ташхис ба муассисаҳои тиббӣ равон мекунанд.

Алҳол дар ноҳияи  Спитамен  5 Кумитаи маҳаллии тандурустӣ фаъолият  дошта,  онҳо  аз 30  нафар  аъзо   иборат мебошанд.   Соли 2017 аз тарафи аъзои ин  кумитаҳо   13  нафар бо  нишонаҳои  гирифторшавӣ ба ин беморӣ   дарёфт ва барои гузаштан  аз ташхис  ба муассисаҳои   тиббӣ равона карда шуданд. Ҳамчунин   ба 216 нафар аъзои  оилаҳои  гирифторони ин  беморӣ  кумак  расонида шуд.

Бояд  хотиррасон намуд, ки чунин кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ  дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Масчоҳ низ фаъолият дошта,  аъзои онҳо  дар деҳаҳо, мактабу маҳаллаҳо, ҷойҳои  ҷамъиятӣ      вохӯриҳо гузаронида, оид ба  бемории сил, пешгирии он, дастгирии беморон ва маърифатнокии   аҳолӣ    саҳми  арзанда  мегузоранд.

Ин таҷриба шоистаи паҳн намудан дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  мебошад.

 

Ибодат ДАВЛАТОВА

АМИТ «Ховар»

Март 24, 2018 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд