Раҳим Бобохонов: «Хурофот дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, ҳамеша садди роҳи рушду тараққиёт ва пешрафти ҷомеа гардидааст»

Март 15, 2018 14:42

ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишманди маъруфи тоҷики муқими Москва, корманди Академияи илмҳои Федератсияи Россия, доктори илмҳои таърих, профессор Раҳим Бобохонов мулоқот баргузор гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Марказ хабар доданд, дар ҷамъомад директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар меҳмони олиқадрро хайрамақдам гуфта, дар бораи моҳияти зараровари хурофот дар ҷомеаи пасошӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ ва роҳу усулҳои аз байн бурдани ин падидаи иҷтимоӣ ва мафкуравӣ маълумоти арзишманд пешниҳод намуд.

Сипас дар назди ҳозирин доктори илмҳои таърих, профессор Раҳим Бобохонов дар мавзӯи «Хурофот ва моҳияти иртиҷоии он» сухан гуфт.

Ӯ зикр кард, ки хурофот дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, ҳамеша садди роҳи рушду тараққиёт ва пешрафти ҷомеа гардидааст. Бинобар ин, маорифпарварони тоҷик дар асри XIX бо сарварии Аҳмад Махдуми Дониш ва ҷадидон дар аввали асри XX бо сарварии Шарифҷон Садри Зиё, Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат ва дигарон барои ислоҳоти ҷомеаи суннатии Бухоро ва ташкили мактабҳои нав ва дигар ниҳодҳои демократӣ дар ҷомеа талош варзиданд. «Мутаассифона, неруҳои кӯҳнапарасту иртиҷоӣ ва муҳофизакори ҷомеа таҳти унвони «қадимиён» муборизаро бар зидди равшанфикрон сахт ба роҳ монда, соли 1918 ҷадидони Бухороро қатли ом намуданд. Ин қадимиён ё муҳофизакорони ҷомеа баъдтар идеологҳои фаъоли ҳаракати босмачигарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна гардиданд. Ҷадидон ё худ равшанфикрон трансформатсия шуда, якҷоя бо дигар зиёиёни ҳамонвақта инқилоби маданиро амалӣ намуданд. Муборизаи беамони афкори наву кӯҳна дар замони Шӯравӣ идома пайдо кард ва он дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзу шеваҳои гуногун давом дорад»,-зикр намуд ӯ.

Дар охир директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар мавқеи давлати дунявиро шарҳу тавзеҳ дода, роҷеъ ба чӣ гуна ҳифз кардан ва густариш додани арзишҳои озодандешии халқи тоҷик фикру ақидаҳои ҷолиб иброз намуд.

Март 15, 2018 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд