Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи пойгоҳҳои обкашии мавзеи “Қизилӣ” ва “Сексарӣ”

Март 29, 2018 12:35

ДУШАНБЕ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Пешвои миллатро сокинони шаҳр бо эҳтиром ва самимияти хос истиқбол гирифтанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ”, ки баъди таҷдид ва азнавсозӣ ба фаъолият шуруъ кард, шинос шуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки соли 2017 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба низом даровардани пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмиру тармими каналҳои мавзеи “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” баъд аз 26 соли бекорхобидан боз аз нав обшор мегарданд. Корҳои таъмиру тармим оғоз гардид ва инак он аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани пойгоҳҳои обкашии “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” ҳолати мелиоративии 4 ҳазор гектар замин беҳтар мегардад. Аз ҷумла, 1300 гектар замини аз кишт берунмонда ба гардиш дароварда шуда, аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ 1000 гектар замин аз худ карда мешавад.

Масоҳати умумии заминҳои мавзеъ дар маҷмуъ 5 ҳазору 930 гектарро ташкил медиҳад, ки 3 ҳазору 300 гектараш замини корами обӣ мебошад.

Баъди обёрии заминҳо ва бунёди боғот дар ин минтақа 5500 оила соҳиби ҷойи кори доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аст.

Аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа дар минтақаи “Қизилӣ” соли 2017 — 1 ҳазору 279 гектар замин, аз ҷумла 716 гектар фонди махсус ва боқимонда заминҳои захираи давлатӣ аз сабаби номураттаб кор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, таъмирталаб будани каналҳои обгузар ва беназорат мондан заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи обёрии пойгоҳҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани дарғот обро ба заминҳои ташналаб сар доданд.

Тибқи маълумот айни замон дар мавзеи “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” беш аз 500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар ихтиёри онҳо зиёда аз 2 ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Баъди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ дар мавзеи мазкур 335 гектар замин ба 33 хоҷагии деҳқонии нав вогузор шуд. Ҳамзамон барои таъсиси 17 хоҷагии дигар ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани боз 520 гектар замин корҳо идома доранд.

Баъди шиносӣ бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар як мавзеи хушбоду ҳавои байни шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳол ба бунёди боғи интенсивӣ дар майдони 20 гектар асос гузоштанд.

Дар боғи нави интенсивӣ ниҳоли дарахтони себ, олу, гелос ва дигар намуди дарахтони мевадиҳандаи содиротӣ шинонида шуд.

Дар мавзеи “Қизилӣ” 5035 гектар заминҳои шаҳри Истравшан ва 3748 гектар заминҳои ноҳияи Деваштич мавҷуд аст, ки аз ин дар шаҳри Истаравшан 580 хоҷагии деҳқонӣ ва дар ноҳияи Деваштич 27 адад хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ фаъолият доранд.

Дар мавзеи “Қизилӣ” минбаъд парвариши 3 навъи себ, ду намуд олу, 3 навъи ток, аз ҷумла “Тоифии намрин”, “Кишмиши сиёҳ” ва “Ангури Ҳусайнӣ” ва як намуд олуча ба роҳ монда мешавад.

Иқлим ва таркиби заминҳои мавзеи “Сексарӣ” барои равнақ додани соҳаи кишоварзӣ, имконияти зиёд кардани майдони кишти зироатҳои тамоми навъҳои полезӣ, сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, картошкаи барвақтӣ, помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, ғалладонагиҳо, бахусус навъҳои серҳосили гандум, ҷав, ҷуворимакка барои дон ва баҳри рушди соҳаи чорводорӣ, кишти ҷуворимакка барои силос ва дигар намуди хуроки чорво мувофиқ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бастабандии маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, содироти он ва дар ин замина саҳм гузоштан дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ба кишоварзону боғдорон маслиҳатҳои муфид дода, ин мавзеи зебоманзарро “Зарнисор” номгузорӣ карданд.

Сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ” 29.03.2018

Март 29, 2018 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон ба фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бо молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва як Маркази варзишии сайёҳиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг оғоз ёфт
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ