Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Самараи ҳамкории мардуми тоҷику ӯзбек аллакай эҳсос мегардад»

Март 16, 2018 11:37

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар кори он ду масъала-«Аҳамияти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масъалаҳои ҷории Шӯрои мазкур   мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғулом Бобозода   доир ба   аҳамияти таърихии   сафари  Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон   ибрози андеша намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки дар зарфи як соли охир робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии  Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият ёфта, соли  гузашта дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҳамоиши соҳибкорон,  намоиши молҳои саноатии истеҳсоли Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин давра ҳаҷми табодули мол байни ду давлат  ба маротиб афзуд.

«Баъди сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  мулоқоти таърихии  сарони ду давлат  дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни  ин мардумон  боз ҳам таҳкиму густариш   меёбанд.

Ин иқдоми хирадмандонаи президентҳои  ду  давлат  ба рафтуомади озоду бемамониати шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии халқи   тоҷику ӯзбек, афзун гардидани гардиши молу маҳсулот, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳарду кишвар ва дар маҷмӯъ, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста заминаи воқеӣ мегузорад», — афзуд  Ғ. Бобозода.

          Сипас  мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Саидзода  баъди   маърӯзааш   дар ин мавзӯъ  барои иштирокдорони ҷаласа матни  барқияи  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба унвони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки   баъди расиданаш  ба шаҳри Тошканд   ирсол намудааст,  қироат кард. Шавкат Мирзиёев  дар ин барқия   бори дигар аз  самимият ва пазироии гарму ҷӯшони ӯ   аз ҷониби Президент ва мардуми Тоҷикистон    изҳори миннатдорӣ намудааст.

Дар ҷаласа  раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода  изҳори андеша намуда,  аз ҷумла, аз суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Шоми дӯстӣ», ки  9 март ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар “Кохи Борбад” доир гардида буд, чунин иқтибос овард:”Миёни тоҷикону ӯзбекон мақоле ҳаст, ки «ҳамсояро интихоб намекунанд». Халқи мо ҳамсояи некро чун атои Худованд қабул дорад. Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад. Таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои мо бояд нишони эҳтиром ба хотири аҷдодон ва замина барои ҳаёти осоишта ва хушбахтонаи насли ояндаи халқҳоямон гардад”.

“Воқеан ҳам мо,  ду халқ – тоҷику ӯзбек  як дин, як мазҳаб ва таъриху фарҳанги муштарак дорем ва  аз нигоҳи ислом   низ  ҳамсоягии хуби мо   ба сарзамини тоҷику ӯзбек  файзу баракати зиёд меорад”,-зикр кард Саидмукаррам Абдуқодирзода  дар тақвияти  ин гуфтаҳои Пешвои миллат.

Баъди анҷоми маърӯзаҳо иштирокдорони ҷаласа ба муҳокимаи мавзӯи мавриди назар шурӯъ намуданд.  Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева, Меҳринисо Бобобекова, Мунира Шаҳидӣ, Муҳиба Яқубова, Аскаралӣ Раҷабов ва дигарон фикру андешаҳояшонро дар бораи таъриху фарҳанг ва ҳамкориву ҳамсоягии ин ду халқи бародар  — тоҷику ӯзбек    иброз доштанд.

            Маърӯзагарон, аз ҷумла, зикр карданд, ки дар ояндаи наздик миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ тавсеа меёбад,  зеро  аллакай дар ин самт  заминаҳои ҳуқуқӣ гузошта шудаанд. Истифодаи иқтидори бузурги саноатии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба манфиати ҳарду давлат буда, онҳоро шоҳроҳҳои бузурги минтақавӣ ба ҳам пайваст менамоянд.

Роҳҳои Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин, Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Қирғизистон, Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва ғайра ҳарду кишварро ҳамчун давлатҳои транзитӣ байни Шарқу Ғарб муаррифӣ мекунанд. Роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба, ки аз нав ба баҳрабардорӣ супурда шуд, барои интиқоли молу маҳсулот дар ду кишвари ҳамсоя нақши муҳим мебозад.

Аз ҷониби Ӯзбекистон паст гардидани тарофаҳои хизматрасонии нақлиётиро мо чун рамзи эҳтироми бародарона меҳисобем, ки самараи онро мардуми Тоҷикистон аллакай эҳсос намудаанд: маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, орду гандум, биринҷ ва ғайра дар бозорҳои мамлакат  хеле арзон гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа  аз ҷониби иштирокдорони он Муроҷиатнома  қабул гардид, ки дар он, аз ҷумла,  чунин омадааст:

«Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати амалӣ шудани ташаббус ва иқдомҳои нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам  Шавкат Мирзиёев дар амри боз ҳам ривоҷ ёфтани муносибатҳои мутақобилан судманди тарафайн корҳои мушаххас анҷом медиҳанд».

Рухсораи НУР,

АМИТ  «Ховар»

Март 16, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Харбин пойгаи дуюми барфии велосипедронии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд
Дар соли 2024 Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд
Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Рашт соҳили дарёи Сурхобро мустаҳкам карданд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Илму маориф ва рушди сармояи инсонӣ — дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ