ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ: «МО ДАР МУНОСИБАТҲОЯМОН САҲИФАИ НАВ БОЗ МЕКУНЕМ ВА ДАР ИН БОБАТ САҲМИ ШАХСИИ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУЗУРГ АСТ»

Март 12, 2018 12:17

ДУШАНБЕ,12.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз мо дар муносибатҳоямон саҳифаи нав боз мекунем ва дар ин бобат саҳми шахсии бародари азизам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ходими барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ, ки хизматҳояшон дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидаанд, бузург аст», — гуфт Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 март зимни суханронӣ дар консерти устодони санъати ду давлат таҳти унвони  «Шоми дӯстӣ».

«Хушбахтам, ки имрӯз имкон дорам эҳтироми самимии худро дар симои Шумо ба тамоми мардуми шариф, шуҷоъ, меҳрубон ва заҳматқарини тоҷик изҳор намоям, — гуфт Шавкат  Мирзиёев. – Зеро давоми 27 сол Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистони бародар бори нахуст сафари давлатӣ анҷом медиҳад. Имрӯз ман Эмомалӣ Шарифовичро барои анҷом додани сафари давлатии ҷавобӣ ба Ӯзбекистон даъват намудам».

Март 12, 2018 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд