ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН: «МАН БА БАРОДАРАМ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАРВОЗАҲОИ РАМЗӢ ТУҲФА НАМУДАМ»

Март 10, 2018 10:15

ДУШАНБЕ, 10.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хотира аз рӯзҳои 9-10 марти соли 2018, ки ӯ онҳоро «рӯзҳои таърихӣ» номид, дарвозаи рамзии тиллоӣ туҳфа намуд. Дар ин бора Президенти Ӯзбекистон зимни суханронӣ дар консерти устодони санъати ҳарду давлат бо номи «Шоми дӯстӣ», ки 9 март дар «Кохи Борбад» баргузор гардид, изҳори назар кард.

«Медонед, ман аз самими дил ду парчам ва ду дарвоза омода кардам ва ба устоҳо фармоиш додам, ки дарвозаҳоро тавре созанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ пӯшида нашаванд, — зикр намуд ӯ. — Эмомалӣ Шарифович гуфтанд, ки онҳоро дар осорхона хоҳанд гузошт ва онҳо дороии халқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хоҳанд буд».

Ин суханони роҳбари Ӯзбекистони бародарро ҳозирин бо қарсакҳо истиқбол гирифтанд. Дар ҳақиқат, дарвоза ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи ҳикмат, сарҳади байни ду ҷаҳон ва ду марҳилаи ҳаёти одамон маҳсуб мешавад. Тасодуфӣ нест, ки Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 9-10 марти соли 2018-ро рӯзҳои тавлиди муносибатҳои нави байни ду кишвар номид.  Ӯ дар идома аз муносибатҳои бародаронаи халқҳои тоҷику ӯзбек, ки ҳамеша  чун сарчашмаи илҳом барои аҳли эҷод хизмат кардаанд, ёдовар шуда, гуфтаи Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро мисол овард: «Халқҳои мо ба мисли ду мисраи як ғазаланд».

Шавкат Мирзиёев ба ходимони фарҳанг, санъат ва илми ду кишвар бо чунин гуфтаҳо муроҷиат кард: «Анъанаҳои неки дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миёни халқҳои ӯзбеку тоҷик имрӯз чун обу ҳаво ба мо заруранд. Дар пеши наслҳои ояндаи халқҳоямон вазифаи муқаддаси мо – ин анъанаҳоро ҳифз ва афзун кардан аст. Мо бояд пулҳои нави дӯстӣ ва роҳҳои нави абрешими фароху амнро  барои фарзандону наберагонамон бунёд кунем».

 

 

 

Март 10, 2018 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд