Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дили покизатар аз булӯр, нигоҳи гарм ва хушбинона ба инсонҳо дошт. Эҳдо ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Март 12, 2018 12:34

ДУШАНБЕ, 12.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар гоҳе ки сухан дар бораи матбуот меравад, пеши  назар симои гарму нуронии устоди зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ  падидор мегардад. Мавсуф солҳои зиёд дар рӯзномаи маъруф «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ҳамроҳи аҳли қалам — Нурмуҳаммад Табаров, Ғуломҳайдар Муродалиев, Раҷаб Мардон, Абдулҳамид Самад, Набӣ Каримов, Садриддини Ёрзод, Мӯсо Мавлавӣ  ва дигарон фаъолияти пурсамар намудааст.

Шоир, нависанда,  публитсист  ва рӯзноманигори  шинохтаи тоҷик   Шоҳмузаффар Ёдгорӣ  бо эҷоди   мақолаҳою асарҳои бадеии мондагор, хамчунин  бо мусоидат дар тарбияву соҳибкасб гардидани  як зумра рӯзноманигорон   дар  рушди адабу фарҳанг ва матбуоти тоҷик   нақши   босазо   гузоштааст.

Маврид ба зикр аст, ки  Неъматуллои Худойбахш, Марями Қодирдухт, Мақсуд Ҳусайн, Хурсанд Ҷумъазода, Нозир Ёдгорӣ, Садриддин Ҳасанзода, Садриддин Ёрзод, Сармад, Мирзо Шукурзода ва нависандагони соҳибном Абдулҳамид Самад, Бароти Абдураҳмон ва даҳҳо адибони дигар аз мактаби тарбияи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ баҳра бурдаанд.

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ  соли 1978  сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ»  таъйин гардида, аз пойтахт, аз идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба  шаҳри  Кӯлоб рафт.  Дилу нияти чун обҳои мусаффо пок ва гавҳаршиносиву дурандешӣ барин хислатҳои неки инсонии  ӯ   буданд, ки ӯ   дар як муддати кӯтоҳ  тавонист дар ин рӯзнома  муҳити солими эҷодӣ  ба вуҷуд биёрад. Ў тавонист, ки  дар ин идора  рӯзноманигорони варзидаро сарҷамъ созад ва ин нашрияро ба  яке аз беҳтарин   рӯзномаҳои вилоятӣ  табдил диҳад.
Рӯзноманигороне, ки дар ин давра таҳти   роҳбарии ӯ фаъолият доштанд,    дар баробари роҳбари сахтгиру серталаб будани Ёдгорӣ аз ӯ  ҳамчун аз устоди мушфиқу меҳрубон ва инсони комил ёдоварӣ менамоянд.

Рӯзноманигор Тоҷинисо Давлатова  яке аз онҳоест,  ки дар ин  рӯзнома зери роҳбарии  Шоҳмузаффар Ёдгорӣ  кор кардааст. Номбурда аз хотироти  он солҳо як лаҳзаи кориро рӯи  қоғаз оварда, чунин менигорад: «Даҳ сол таҳти сарварии рӯзноманигор ва шоири машҳур, шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ фаъолият кардаам. Аз ӯ на танҳо нозукиҳои касб, балки дарси одамгарӣ низ аз бар кардаам. Он замон муҳити коргоҳ пур аз муҳаббату зебоӣ буд…
Зиндагии журналист, ки бо баду неки мардум шарик аст, наметавонад якмарому бе моҷаро бошад. Боре ҳамроҳи рӯзноманигор Давлаталӣ Раҳмоналӣ аз колхози  «Ленинград»-и ноҳияи Кӯлоб (ҳоло ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) як мақолачаи танқидӣ дарҷ кардем. Пеш аз чоп маводи нимтайёрро ба сармуҳаррир  Шоҳмузаффар Ёдгорӣ  нишон додем. Он кас  маъқул карданд. Мақола нашр шуд. Баъдан он мақола бо кӯшиши Давлаталӣ дар барномаи танқидии  «Сӯҳбати дӯстон»-и радиои Тоҷикистон низ садо дод. Дар он камбудиҳои зиёди хоҷагӣ қайд шуда буд. Раиси ҳамовақтаи колхоз Абдуҷаббор Зардиев бо даъво чанд карат ба идораи рӯзнома омад. Раис сахт оташин буд. Вале шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ як феъли хуб дошт. Ҳеҷ гоҳ мухбиронашонро ба дасти даъвогарон «намесупорид».
Соли 1995  Шоҳмузаффар Ёдгорӣ    сармуҳаррири рӯзномаи расмии  мамлакат  — «Ҷумҳурият» таъйин гардид.  Он  солҳо  ҷумҳурӣ давраи мушкилро аз сар мегузаронд ва он наметавонист ба фаъолияти ин      рӯзнома бетаъсир  бошад. Бо сабаби  набудани маблағ  нашри  рӯзнома ба  муддати тӯлонӣ  қатъ гардида,  кормандон аз сабаби  кам будани музди  маош ва онро низ сари вақт гирифта натавонистан   маҷбуран тарки кор  мекарданд.

Ёдгорӣ  он солҳо  дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекарду   дар пойтахт хона надошт ва  иҷоранишинӣ  бо аҳли байташ  вазъиятро барояш боз ҳам мураккабтар гардонида буд.  Бо чунин мушкилот масъулияти роҳбариву эҳёи рӯзномаро бар дӯш гирифтан  кори осон набуд.

Танҳо садоқати бепоён ба давлату  миллат ба Шоҳмузаффар Ёдгорӣ  неру мебахшид ва  ҳамин арҷгузорӣ буд, ки бо талошу такопӯи пайвастаи  ӯ нашри мунтазами рӯзномаи «Ҷумҳурият»  ба роҳ монда шуд.  Дар рӯзнома  беҳтарин неруҳои эҷодии кишвар, журналистону адибони бомаҳоратро  гирд овард ва  маҳз хизматҳои шоёни  устоди шодравон буд, ки имрўз  «Ҷумҳурият»   мисли солҳои пешӣ («Тоҷикистони советӣ») рисолати пешоҳангии худро  аз даст надодааст.

Шореҳи масъалаҳои иҷтимоӣ–фарҳангии рӯзномаи  «Ҷумҳурият» Абдуқодири Раҳим  дар як  ёдномааш дар бораи   устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ чунин менигорад: «Ӯ мегуфт, дар ин нашрия доштани истеъдод кофӣ нест, бояд рӯзноманигор ба давлату миллат, садоқат дошта бошад, дар мактаби он нахуст худро тарбият бидиҳад ва баъд дигаронро ба роҳи росту созандагӣ, эҳтироми муқаддасоти он ҳидоят созад».
Ӯ боз мегуфт: «Оинаи ҳамдигар бошед ва ин оинаҳоро покизаву пурҷило нигоҳ бидоред».
Ва ҳам изҳор менамуд: «Дар куҷову дар кӣ камбудӣ нест? Дар шароити имрӯзи кишвар бештар аз хусуси дастовардҳо, ободкориҳо, пешравиҳо, меҳру муҳаббат нависед».
На, на, ӯ ҳаргиз муқобили нашри матлабҳои танқидӣ набуд. Баръакс, чунин мавзӯъҳоро худ пешниҳод менамуд. Аммо ӯ ҳеҷ намехост танқид ба хотири танқид бошад. Ва ҳам намехост аз ин танқидҳо бӯи ғарази сиёсиву манфиатҷӯии дигар кишварҳову созмонҳои хориҷӣ биёяд.
Мегуфт: «Танқид бояд ба хотири созандагӣ сурат бигирад. Танқид бояд беғаразона бошад. Аз нохун чирк кофтан оини ҷавонмардӣ нест. Аз норасоиву камбудиҳои ҷузъӣ набояд ҳангома бисозем. Ҳаргиз фурӯхта нашавем, ки дигар харидор намеёбем ва обрӯи рехтаро наметавонем бардорем».
Ва шояд ӯро ба ин хотир ба пойтахт оварданд ва вазифаи сарварӣ, сармуҳарририи «Ҷумҳурият»-ро бар уҳдааш вогузоштанд.
Рӯзнома пас аз эҳё дигар пайваста мебаромад. Дар оғоз ҳафтае  — як бор, баъд — ду бор, баъдтар — се бор. «Ҷумҳурият» дубора нашрияи Ҳукумати ҷумҳурӣ шуд, баъдтар муассиси он Президенти мамлакат гашт ва мақоми «Ҷумҳурият» Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд. Он шумораи кормандону хонандагонашро батадриҷ бештару бештар кард».
Соли 2000-ум устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ  ба нафақа баромад. Аммо аз рӯзнома ва ҳамкорон дил канда наметавонист.  Чун ҳамеша  саҳифаҳои тозанашри матбуот, ҳар як навиштаи  рӯзноманигоронро мутолиа мекард ва  дар ин бора фикру андешаҳояшро баён дошта, ба онҳо маслиҳатҳои муфид медод.   Дар баробари ин мақолаҳо ва асарҳо эҷод менамуд. Ӯ дар ин давра шеърҳои зиёд ва  ду роман навишта, ба табъ расонид.
«Подоши хидматҳои мудаввом ва мондагор устод бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ ва чандин нишону ифтихорномаҳо сазовор гардид.
Ин унвонҳо ва подошҳои ба маротиб баландтар аз инҳоро дигар олимону адибон низ дарёфт намудаанд, аммо он хислате, ки афзун ба истеъдоди расои шоириву нависандагӣ Худованд ба Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ато намуд, ин дили покизатар аз булӯр, синаи соф, нигоҳи гарм ва хушбинона ба инсонҳо буд», — иброз дошт яке аз шогирдони устод  Корманди шоистаи Тоҷикистон Мирзо Шукурзода.
Имрӯз шогирдони Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар нашрияҳои гуногуни мамлакат фаъолият ва дар рушди матбуоти тоҷик нақши созгор доранд. Боварӣ дорем, ки ин шогирдон аз устод беҳтарин хислатҳои ӯро омӯхтаанд ва дар пайравӣ ба ӯ ба матбуоти тоҷик хидматгузор мешаванд.

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Март 12, 2018 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд
Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Рашт соҳили дарёи Сурхобро мустаҳкам карданд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Илму маориф ва рушди сармояи инсонӣ — дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Аз байн бурдани коррупсия омили пешрафти ҳар давлат аст
ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳамадонӣ, №35 номзад пешбарӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд