Шукурҷон Зуҳуров бонувони Парлумонро табрик намуд

Март 7, 2018 15:20

ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар арафаи ҷашни  Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар мамлакат 8 март ҷашн гирифта мешавад, бонувони Парлумонро табрик гуфт.

Шукурҷон Зуҳуров  иброз намуд, ки боиси фараҳмандӣ ва саодат аст, ки ҳар яки мо имрӯз дар фазои суботу ороми мамлакат ҷашни фархундаи Рӯзи Модарро истиқбол менамоем.   Рӯзи Модар дар баробари муҳимтарин санаи таърихӣ ҷашни фархунда низ шинохта шудааст ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ин сана ба ҷашни миллиямон мубаддал гардидааст, зеро он бо номи бузурги Модар пайванди ногусастанӣ дорад.

Бо ишора ба ҷойгоҳи зан-модар дар ҷомеаи Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки аз соли 1997 инҷониб бо дастури Президенти муҳтарам барои ҷавондухтарони лаёқатманди навоҳии дурдаст квотаҳои президентӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ҳамасола аз 500 то 710 нафар духтарони лаёқатманд аз 61 шаҳру навоҳии мамлакат тариқи  квотаҳои президентӣ ба таълим фаро гирифта мешаванд. Вобаста ба тамоми шаклҳои таҳсил аз соли 1997 то имрӯз наздик ба 140 ҳазор нафар ҷавондухтарон донишгоҳу донишкадаҳои олиро хатм намуда, дар тамоми соҳаҳо меҳнат мекунанд. Аз ҳисоби ин ҷавондухтарон имрӯз мо омӯзгорон, табибон, муҳандисону олимон, ҳуқуқшиносону барномасозон, раисони ҷамоатҳо, раисони ноҳияҳо, муовинони раисони шаҳру вилоят ва сиёсатмадорони намоён дорем.

“Танҳо бонувони сиёсатмадору тавоно ва мутахассисони барҷастаи соҳаҳои мухталиф 20 фисади вакилони Маҷлиси намояндагонро ташкил медиҳанд. Инчунин дар кумитаву комиссияҳо, шуъбаву бахшҳо ва дигар сохторҳои дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувону занон ба корҳо ҷалб шудаанд, ки бо самимияти хосса ва назофату меҳнатдӯстии хеш кори Маҷлиси намояндагонро рангин мекунанд.

Яъне, суботи комил ва ваҳдати сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ЗАН – МОДАРИ тоҷик як марҳилаи нави зиндагиро фароҳам овард, ки инро мо дар чеҳраи гулгуни ҳар як модару хоҳар ва бонуи шарафманди тоҷикистонӣ дида метавонем”,- гуфт дар анҷом Шукурҷон Зуҳуров.

 

 

 

Март 7, 2018 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад