СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ. Дарёи Сурхоб ба шоҳроҳи байналмилалии Рашт наздик омада, ба 250 метри он хавфи шусташавӣ таҳдид дорад

Март 29, 2018 11:38

РАШТ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби баланд шудани сатҳи оби дарёи Сурхоб солҳои 2016-2017 дар километри 192-юми шоҳроҳи мошингарди Ваҳдат- Рашт, сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон таҳдиди 400 метр шусташавии шоҳроҳи байналмилалӣ ба амал омад. Бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 сӯзишвории дизелӣ ҷудо гардид ва мо тавонистем ин 400 метр соҳилро мустаҳкам намоем. Ин матлабро сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Рашт Нуриддин Саидов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» баён дошт. Инчунин дар километри 175-ум ба 250 метр ва дар километри 198-ум қариб ба 800 метр хавфи шусташавии роҳи байналмилалӣ таҳдид мекунад, ки айни замон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ бо маром идома доранд.
Мустаҳкамкунии соҳилҳои мазкур аз ҳисоби Дирексияи сохтмонии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ лоиҳакашӣ мешавад. Соли 2017 Дирексияи сохтмонӣ бо ин мақсад 360 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намуд ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар асоси лоиҳа бо гузоштани сангҳои калонҳаҷм ба анҷом расиданд. Ин намуди соҳилмустаҳкамкунӣ камхарҷ буда, бо 360 ҳазор сомонӣ қариб 400 метр соҳил мустаҳкам гардонида шуд.
Тибқи иттилои масъулин, барои дар сатҳи баланд иҷро намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ техникаҳои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳои минтақаи Рашт дар корҳои сохтмонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва зимни бартараф сохтани зарари офатҳои табиӣ пурра истифода бурда мешаванд.
Нуриддин Саидов мегӯяд, ки «агар Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи заминҳои корами обӣ ва дигар намуди заминҳои назди дарёи Сурхоб корҳои соҳилмустаҳкамкуниро сари вақт анҷом диҳанд, шоҳроҳи байналмилалӣ аз шусташавӣ эмин мемонад. Вале соли 2017 сатҳи оби дарёи Сурхоб баланд гардида, дар километри 175-уми шоҳроҳи байналмилалӣ аз сабаби беаҳамиятии масъулин зиёда аз 15-20 гектар замини корам шуста шуд. Ҳоло дарёи Сурхоб ба шоҳроҳ наздик омада, ба 250 метри шоҳроҳ хавфи шусташавӣ таҳдид дорад. Мо айни замон ин мавзеи соҳилро мустаҳкам намудем. Ҳамчунин имсол дар қисмати поёнии ҳамин мавзеъ дар сурати аз ҷониби Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об мустаҳкам накардани соҳил ба зиёда аз 20 гектар замини корами обӣ ва зиёда аз 15 адад хонаҳои истиқоматӣ хавфи зарар расонидани дарёи Сурхоб мавҷуд аст».
Шоҳроҳи автомобилгарди Ваҳдат-Рашт, сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон 299 километрро ташкил медиҳад ва ҳамеша зери назорати доимӣ қарор дорад. Вале дар баробари корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, боз дар ноҳияи Тоҷикобод ба 11 км, ноҳияи Рашт 6 км, ноҳияи Лахш 15 км, ноҳияи Нуробод 4 км ва дар роҳи ҷумҳуриявии Сангвору Дарвоз ба 16 км роҳ хавфи шусташавию кандашавӣ таҳдид дорад.
Мутахассисони роҳсоз мегӯянд, ки дар сурати ҳамкорӣ намудани вазорату идораҳои марбута, барои аз байн бурдани хавф ва доир намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунии замонавии 36 км роҳҳои байналмилалӣ ва 16 км роҳи ҷумҳуриявӣ, ки ҳамагӣ бо маблағи 1 миллион доллар дар онҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида мешаванд, ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 36 миллион доллари амрикоӣ манфиат мерасад. Чунки барои сохтани 1 км роҳи байналмилалӣ аз 700 ҳазор то 1 миллион доллар хароҷот мешавад. Дар сурати сари вақт ва ба таври замонавӣ мустаҳкам накардани соҳилҳои ин шоҳроҳ ва шусташавии шоҳроҳи байналмилалӣ ба буҷети ҷумҳурӣ миллионҳо доллар зарар мерасад.

Март 29, 2018 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад