СОЛИМӢ-САРВАТИ БЕБАҲОСТ! Ҷавонон бар зидди ВНМО мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 15.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳамоиши иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории Вируси норасоии масунияти одам ВНМО/ БПНМ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз баргузории чунин ҳамоишҳои иттилоотӣ ба ҷавонон фаҳмонидани зарари бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, ВНМО/БПНМ ва роҳҳои пешгирӣ аз он мебошад.
Дар ҳамоиш зиёда аз 2000 адад маводи иттилоотию тарғиботӣ ба ҷавонону сокинони пойтахт пешниҳод гардид. Ҳамзамон дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе маркази ташхис ба таври ройгон амал намуд, ки шаҳрвандони пойтахт ва навоҳии атроф аз он истифода намуданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин ҳамоишҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута пайваста гузаронида мешаванд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






