«ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСОИЛИ ОБ». Дар Душанбе таҳти ин ном асари илмӣ-тадқиқотии собиқ хабарнигори АМИТ «Ховар» ба табъ расид

Март 29, 2018 11:39

ДУШАНБЕ, 29.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,  22 марти соли 2018, дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили глобалии об таҳти унвони «Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид. Ба муносибати  оғози Даҳсолаи мазкур   матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) монографияи донишманди ҷавон Манижа Баҳромзода, докторант Ph.D – и соли сеюми факултети журналистикаи ДМТ-ро таҳти унвони «Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масоили об» зери таҳрири доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммадӣ Муқимов ба табъ расонид.

Тавре Абӯнаср Раҳимов, донишомӯзи факултети журналистика дар сомонаи ДМТ дар бораи ин китоб навиштааст, монографияи мазкур аз се боб иборат буда, ба масъалаҳои глобалии экологӣ аз қабили об ва тағйирёбии иқлим ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаҳо дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст.

Муаллиф дар асоси омӯзиши сарчашмаҳо ва маълумотҳои илмӣ паҳлӯҳои мухталифи масъалаи глобалии об ва тағйирёбии иқлимро мавриди пажӯҳиш қарор дода,  аҳамият ва саривақтӣ будани ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба ҳалли масоили об нишон додааст.

Дар монография андешидани чораҳои мушаххас аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коҳиш додани хориҷшавии гази карбон ба ҳавои атмосфера ва ба ин васила пешгирӣ намудани обшавии пиряхҳо ба таври муфассал таҳқиқ гардидааст.

Манижа Баҳромзода   дар монографияи худ инчунин ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти экологии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз қабили хушкшавии баҳри Арал ва паёмадҳои он, истифодаи самараноки захираҳои оби минтақа барои бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ, аз ҷумла НБО-и Роғун низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.

Китоби мазкур барои мутахассисони соҳаҳои экология, сиёсат, журналистика ва ҳамаи онҳое, ки ба сиёсати экологии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои табиии он мароқ зоҳир мекунанд, тавсия дода шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки Манижа Баҳромзода ҳамагӣ 26 сол дошта, дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба дунё омадааст. Баъди хатми факултети журналистикаи ДМТ аз соли 2013 то соли 2016 дар АМИТ «Ховар» ба ҳайси хабарнигор кор кардааст. Ба ҷуз бо забони модарӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ менависад. Соли 2015 барои хизматҳои шоён дар таҳкими фазои иттилооти кишвар, бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаи АМИТ «Ховар» сарфароз гардонида шудааст.

Манижа Баҳромзода феълан докторанти Phd-и факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад ва дар сурати ҳимояи рисолаи илмӣ метавонад сазовори унвони номзади илм гардад, ки дар кишварҳои хориҷӣ баробар ба унвони доктори илм аст. Зеро барномаи  Phd (Philosophiæ Doctor, доктор философии)   — ин дараҷаи ниҳоии илмии  баробар ба Scd, яъне   доктори илм аст, ки дар ИМА, Канада, Германия ва дигар кишварҳои Ғарб барои тадқиқоти мустақил ва муҳим дар ин ё он соҳаи илм дода мешавад.

 

Март 29, 2018 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд