ТЕМУР ЗУЛФИҚОРОВ: «ВАЗИФАИ АСОСИИ ЗИЁИЁН БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТНОКИИ ҶОМЕА МЕБОШАД»

Март 19, 2018 18:42

Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда мебозанд.

Эмомалӣ Раҳмон

 ДУШАНБЕ 19.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Рӯзи зиёиёни эҷодкор таҷлил  мегардад.

Чун анъана,  дар ин рӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат мулоқот менамоянд.

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкори мамлакат баргузор гардид. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигорони АМИТ «Ховар» бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров ҳамсуҳбат гардид, ки онро пешниҳоди хонандагони сомона мегардонем.

«Ховар»: Темур Қосимович! Дар Тоҷикистон  анъана шудааст, ки дар  арафаи Иди байналмилалии Наврӯз  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат мулоқот анҷом медиҳанд. Оё чунин анъана дар дигар мамлакатҳо ба назар мерасад?

Т. Зулфиқоров:  Бояд гуфт, ки Шоҳзодаи Британияи Кабир — яке аз ҳокимони бузурги ҷаҳон  низ доим бо зиёиён мулоқот анҷом медиҳад. Рости гап ман доимо дар ҳайрат мемонам, ки  чаро  дар ин мулоқотҳо  ӯ ба ҷойи олимон, файласуфон, нависандаву шоирон, сарояндагони рок, ситораҳои эстарада ва амсоли инҳоро даъват мекунад.

Ин анъана, мулоқоти ҳарсолаи  Пешвои миллат бо зиёиёни ҷумҳурӣ аз  арҷгузори он кас нисбат ба  намояндагони  илму  маориф, адабиёту фарҳанг ва  санъати воло – шашмақому  фалак  гувоҳӣ медиҳанд, ки маҳз ба ҳамин хотир  ба Президети кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хосса дорам.  Бисёр иқдоми олӣ  аст, ки  Сарвари давлат бо зиёиён — нависандагону файласуфон ва  олимон  мулоқот менамояд. Чунки яке аз фазилатҳои барҷастаи Пайғамбар (С) ин  қадрдонии  ҳакимону олимон маҳсуб мешавад. Ин мулоқот  барои пешрафти давлату миллат нақши бисёр муҳим дорад.

 «Ховар»: Устод, имрӯз барои рушди ҷомеа дар назди зиёиён кадом вазифаҳо меистанд?

Т.Зулфиқоров: Вазифаи асосии зиёиён — ин маърифатнок кардани ҷомеа мебошад. Имрӯз ҳамаи одамон бештар дар орзуи зиндагии боҳаловат, боигарӣ ва пулу мол мебошанд. Тавре мутафаккирон мегӯянд: «Агар ҳокимон, пешвоён танҳо дар бораи боигарӣ фикр кунанд, он гоҳ миллаташон аз байн мераванд».  Рушди минбаъдаи миллати тоҷик  тақозо менамояд, ки фаъолияти зиёиён ба тарбияи фарҳанг ва маърифати шаҳрвандон, инчунин, бо мақсади рушди давлат ба баландбардории сатҳи сиёсӣ равона шавад. Масалан, имрӯз дар мағозаҳои китобфурӯшӣ 5-6 харидорро дидан мумкин аст. Ин дар ҳолест, ки дар мағозаҳои хӯрока беш аз 100 нафар ба харид машғуланд. Чунин ҳолат шаҳодати он аст, ки имрӯз нафс, меъда бар ақл ғолиб омадааст. Ин албатта,  гирифтории  умумиҷаҳонист, на танҳо хоси мардуми тоҷик. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон доимо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Масалан, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат дар шаҳри Душанбе як Китобхонаи миллии боҳашамат ба истифода дода шудааст.

Сарвари давлат ҳамеша зикр менамоянд, ки халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати китоб таърихи куҳани миллати тоҷик, ганҷи рушди инсонӣ, шоҳасари назми ҳазорсолаи мо, достонҳои таърихӣ, дониш ва ҳикмати авлод ва халқ боқӣ монд. Маҳз ба туфайли китоб нури дониш ва маърифат роҳи одамонро равшан мекунад, китоб ба нигоҳдорӣ ва устувории миллат, зибон адабиёт ва фарҳанг мусоидат мекунад.

«Ховар»: Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронии худ дар яке аз мулоқотҳо бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат зикр намуданд, ки «Рушду инкишофи ҳар як ҷомеа аз зиёиён, ки элитаи зеҳнии онро ташкил медиҳанд, вобастагии зиёд дорад». Андешаи Шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?

 Т.Зулфиқоров: Албатта ин комилан дуруст аст. Зиёиён пешбарандаи таърих мебошанд. Як нафар  метавонад як мамлакати бузургро хароб намояд. Бинобар ин пешрафти давлат аз зиёиён ва ҳокими он вобаста  аст. Аз ин сабаб, ҳокими оқил бояд доим дар наздаш мушовирон, ҳокимон, файласуфон, нависандагону таърихнигоронро ҷамъ намояд. Ба андешаи ман дар ҷаҳон ҳама чиз ба фарҳанг алоқаманд аст. Фарҳанг ва тиҷорат, фарҳанг ва сиёсат, фарҳанг ва давлат.  Ман дар ин маврид ҳикояҳои зиёд навиштаам. Масалан, ҳикояи «Роҳи бузурги абрешим».  Роҳе ки барои тиҷорату савдо аст. Роҳе ки тариқи он корвонҳои бузург, тоҷирону савдогарон мерафтанд. Рӯзе аз рӯзҳо ин роҳ ба биёбон табдил ёфта, дар он танҳо хорҳо боқӣ монданд. Канӣ он корвонҳои бузург? Куҷоянд он тоҷирон? Чаро Офаридгор «Роҳи бузурги абрешим»-ро ба биёбон мубаддал намуд?  Барои он ки Ӯ аз фарёди тоҷирон, савдо, пул ва ҳар чизе, ки бо инҳо алоқаманд буд хаста шуд. Агар ба ин роҳ ҳунармандон, ҳакимон, раққосон, яъне аҳли ҳунару фарҳанг раҳсипор мешуданд, Парвардигор, маҳз ба хотири санъату ҳунар, онро ба хок яксон намекард. Барои ҳамин, агар тиҷорат, сиёсат ба фарҳангу ҳунар кумак накунад, он ба биёбон мубаддал мегардад.

Ҳикояи дуввуми  ман дар бораи қаҳрамони дӯстдоштаам  Хоҷа Насриддин  мебошад. Хоҷа Насриддин  бо хари худ тариқи Роҳи бузурги абрешим мегузашт, аммо дар киссааш ягон танга набуд. Ӯ дар байни роҳ таваққуф карда, интизори нафаре меистад, ки ба ӯ кӯмак расонад. Дар ҳамин вақт корвони тилло аз наздаш мегузарад. Хӯҷаини корвон мебинад, ки дар роҳ мӯйсафеди фақире дар болои хар нишастааст, як тангаи мисинро бароварда, ба сӯи Насриддин ҳаво медиҳад. Хоҷа тангаро аз замин бардошта мегӯяд: « Агар ту ба ҳаким тангаи мисин диҳӣ корвонат нобуд мешавад. Аз ин роҳ чизе боқӣ намемонад». Чунин ҳам шуд. Роҳи бузурги абрешим нобуд гардид. Бо тиҷорат ҳам чунин ҳол рух медиҳад, агар он ба ҳунармандон, нависандагон, шоирону олимон, умуман нафароне, ки фарҳангу санъатро пеш мебаранд кумак нарасонад.

 «Ховар»: Дар муқоиса  ба солҳои пешин ҷашни имрӯзаи Наврӯз чӣ гуна таҷлил мегардад, яъне дар даврони  соҳибистиқлолии мамлакат  чӣ  тафовутро мебинед?

Т.Зулфиқоров: -Бояд гуфт, ки дар ҳар давру замон Нарӯзро ҳар гуна ҷашн мегирифтанд. Пештар Наврӯз дар дили мардум ҷой дошт, имрӯз ҳам чунин аст. Албатта ҳоло Наврӯзро мо бо шукӯҳу шаҳомати бештар ҷашн мегирем. Зеро он  яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёнажод мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, қатънома қабул гардид, ки тибқи он Наврўз  ҷашни ҷаҳонӣ шуд. Он бо пешниҳоди давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин дастоварди замон, мардум ва ҷомеаи мо мебошад. Мехоҳам ин саволро низ бо як сухани пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст намоям, ки чунин аст: «Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона — дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».

 «Ховар»: Тавре огоҳӣ дорем, чанд рӯз пеш Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистан Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакати мо сафари расмӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни ин сафар бисёр санадҳои дуҷониба ба имзо расиданд. Шумо муносиботи кунунии ду давлати дӯст ва накӯҳамсояро чӣ гуна баҳо медиҳед?

Т.Зулфиқоров: Ман хеле хурсандам, ки ду Сарвари давлат бо ҳам  дар сатҳи ниҳоят баланд мулоқот  карданд. 12 сол пеш ман дар бораи ин ҳодиса 2 ҳикояи тамсилӣ навишта будам. Гӯё ман ин воқеаро дида, нависта бошам. Ҳамсоя болотар ва наздиктар аз бародар аст, зеро бародарон дар олам зиёд буда метавонанд, аммо на ҳама ҳамсоя шуда метавонад. Тоҷикон ва ӯзбекон ду ҳамсояи қарин ҳастанд, ки таърихи ҳазорсолаи  муштарак  онҳоро ба аъзои як  оилаи бузург табдил додааст. Дар ҳар оилаи ӯзбек тоҷик ва дар ҳар оилаи тоҷик ӯзбек ҳаст. Парвардигор ин ду халқро бо ҳам пайвастааст. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун як ҳавлианд ва мардумони онҳо аъзоёни як оила мебошанд. Вақте ки сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон минагузорӣ  шуда буд ва дар натиҷаи он чӯпонҳо, кӯдакон ва сайёҳон метаркиданд, қаҳрамони ман – Мулло Насриддин гуфта буд: «Ман ба сарҳад меравам ва бигузор ҳамаи минаҳо дар зери пойи ман тарканд», барои он, ки ӯ ҷовидонӣ буд ва аз мурдан наметарсид. Ҳоло ҳамаи минаҳо безарар гардонида шуда,  сарҳадҳо бардошта шуданд ва  оила аз нав ба ҳам омада, як шуд. Чунин ҳодиса дар чаҳон кам рух медиҳад. Ба андешаи ман, мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар солҳои охир яке аз рӯйдодҳои  беҳтарини сатҳи байналмилалӣ мебошад.

«Ховар»: Лутфан мегуфтед, ки Шумо бо нависандагони ӯзбек ҳамкорӣ доред?

Т. Зулфиқоров: Бале,  ҳамкорӣ дорам. Аз ҷумла,  соли 1973 дар киностудияи «Узбекфилм»  коргардон Алӣ Ҳамроев аз рӯи сенарияи ман филми «Одам аз паси паррандагон меравад» — ро ба навор гирифт. Бояд гуфт, ки филми мазкур шоҳкори ҷаҳони кино гардид. Он дар Ҳиндустон соҳиби ҷоизаи “Товуси нуқрагӣ” шуд. 35 сол аст, ки дар театрҳои Ӯзбекистон 3 пйесаи ман — «Умар Хайём», «Мушфиқӣ»  ва «Ишқи аввали Насриддин» намоиш дода мешавад. Бояд гуфт, ки синамо дар  муаррифии ҳар давлат  нақши муҳим дорад. Масалан, мо дар бораи ягон давлат тасаввуроти кам дорем ва ё умуман чизе намедонем, тариқи тамошои филми ин давлат мо метавонем дар бораи он маълумот пайдо намоем. Дар киностудияи Тоҷикфилм низ аз рӯи сенарияҳои ман 5 филм ба навор гирифта шудааст. Машҳуртарини онҳо филми   «Рояли сафед» мебошад, ки 70 миллион тамошобин дорад.

 «Ховар»: Дар оянда чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?

Т.Зулфиқоров: Ман ба наздикӣ китоби афсонаҳоямро тамом кардам, ки сари он якуним сол кор кардам. Зиёд мехостам афсона нависам. Ҳоло интизори ягон маблағузор ҳастам, то ки онро нашр намоям. Бояд гуфт, ки бо шарофати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби навбатиям «Чойхонаи лаби ҷар» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

Лайло ТОИРӢ,

АМИТ «Ховар»

Март 19, 2018 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд