Тоҷикистон – дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет»

Март 10, 2018 14:21

ДУШАНБЕ, 10.03.2018./АМИТ «Ховар»/. 10 март  дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Крокус Экспо»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2018»  оғоз гардид, ки он то 12 март давом мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намоишгоҳро муовини Сарвазири Федератсияи Россия Виталий Мутко ва муовини роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии туристии  (UNWTO) Созмони Милали муттаҳид  Золтан Шомоги ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. З. Шомоги зикр намуд, ки соли гузашта теъдоди чорабиниҳои сайёҳӣ дар дунё аз ҳудуди 1, 2 миллиард убур намуд.

Қобили зикр аст, ки «Интурмаркет» одатан ба сайёҳии дохилӣ   бахшида мешавад, вале дар он имсол шарикони доимӣ  аз Юнон, Булғория, Туркия, Испания, Чин ва дигар кишварҳо низ даъват шудаанд. Дар байни онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст.

Дар намоишгоҳи имсола гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ зери шиори «Тоҷикистон- Боми ҷаҳон» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ  менамоянд.

Намоишгоҳи мазкур дар майдони 2800 метри мураббаъ бо иштироки 1430 ширкатҳои сайёҳӣ, 78500 нафар иштирокчӣ аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.

Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур муаррифии шоистаи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Россия ва дигар мамлакатҳо мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои   миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадори иқтисоди миллӣ аҳамияти тоза касб намуда, тавассути иштирок дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ симои Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои имкониятҳои бойи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувор мешавад ва  таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Ватани азизамон пайваста зиёд мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки дар чорчӯбаи намоишгоҳҳои «Крокус Экспо» конференсия оид ба масъалаҳои рушди сайёҳии дохилӣ, семинари якҷояи «Ростуризм» ва UNWTO  оид ба рушди хатсайрҳои байниминтақавии «Роҳи абрешим», ҷаласаи машваратии гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои тарғиби Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 ва Ҷоми Конфедератсия, инчунин  дигар чорабиниҳо  доир карда мешаванд.

 

 

Март 10, 2018 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид