Усмоналӣ Усмонзода иштирокдорони Форуми 8-уми ҷаҳонии обро ба Тоҷикистон даъват кард

Март 24, 2018 12:06

ДУШАНБЕ, 24.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем,  аз 18  то 23 марти соли равон    дар шаҳри Бразилияи пойтахти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Форуми 8-уми ҷаҳонии об баргузор гардид, ки дар кори он  намояндагони зиёда аз 100 давлати дунё иштирок доштанд.

Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  дар Форуми мазкур ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иштирок намуд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни баромад дар ин Форум,   аз ҷумла, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои пешсафи рӯзномаи ҷаҳонии рушд дар самти захираҳои обӣ мебошад. Бо пешниҳоди Тоҷикистон Ассамблеяи Генералии СММ  cоли 2003 – «Соли оби тоза»,  солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» ва   солҳои 2018-2028- ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд. Ташаббусҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки об на  танҳо  асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, балки манбаи ҳаёт, таъминкунандаи сулҳу суббот ва оромӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин  хотир масъалаҳои марбут ба об дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ   қарор доранд.

Усмоналӣ Усмонзода  ҳамчунин  иштирокдорони Форумро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028, ки 20-22 июни соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  даъват намуд.

Хотиррасон менамоем, ки  дар намоишгоҳи байналмилалии   Форуми мазкур   гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Об барои рушди устувор» ташкил  гардида буд.

Дар ин гӯша  ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар масъалаи об  ташвиқу тарғиб гардида,  инчунин захираҳо ва имкониятҳои Тоҷикистон баҳри  ҷалби сармоя,  таҷрибаи мамлакат дар ҳаллу фасли масъалаҳо  вобаста ба  обу энергетика  муаррифӣ  гардид.

Мавриди зикр аст, ки барномаи ин Форум  аз равандҳои сиёсӣ, мавзӯӣ, минтақавӣ ва илмӣ-технологӣ,  аз  вохӯриҳои сиёсӣ, аз ҷумла,  конференсия ва мизҳои гирди  вазирон дар мавзӯъҳои мухталиф, ҷаласаҳои мавзӯӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба натиҷаҳои бадастомада  дар бахшҳои гуногуни соҳаи об  иборат  буд.

Март 24, 2018 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад