ҲУСНИ СУХАНВАРӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот барои ронандагон дастури рӯимизӣ омода менамояд

Март 13, 2018 16:23

ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳот барои ронандагон ва тарзи муошират дар  ҷойҳои ҷамъиятӣ дастури рӯимизӣ оид ба ҳусни суханварӣ омода менамояд, ки он рӯзҳои наздик ба ронандагон ва мусофирон пешниҳод мегардад.

Ин нукта дирӯз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Беҳрӯз 15» зимни вохӯрии намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти дахлдор зикр гардид. Зимни он  ба иштирокдорон-ронандагон талаботи меъёрҳои қонуни забони давлатӣ  фаҳмонида шуд.

Зикр гардид, ки риоя нагардидани меъёри забони адабӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулинро водор месозад, ки дар асоси қисми 6 моддаи 3-и қонуни мазкур фаъолият намоянд. Бахусус, меъёри забони адабӣ дар ҷамъиятҳои нақлиётӣ бояд риоя карда шавад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамалу низомномаҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раёсати БДА тасдиқ шудаанд,  бояд аз ҷониби ҳар як ронандаи мусофирбар мавриди истифода қарор гиранд.

Муовини аввали директори Муассисаи давлатии коммуналии  «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҷумахон Давлатов зимни вохӯрӣ баён дошт, ки имрӯзҳо  дар ҳамаи корхонаву ҷамъиятҳои ин муассиса ҷиҳати баланд бардоштани неруи зеҳнии шаҳрвандон- ронандагон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои назоратии шаҳри Душанбе ва  бахусус шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе, раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим  дар соҳаи нақлиёт ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ  ҷаласаҳои корӣ ҷараён доранд.

Сардори шуъбаи ташкили ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансури Шодмон зимни мулоқот иброз дошт, ки «забон моли халқ, мероси миллат, сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор аз ҳувияти миллии давлатдорӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бояд  забони давлатиашро дар радифи Модар ва Ватан азиз донад ва баҳри поку беолоиш нигоҳ доштани он саҳми муносиб гузорад».

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки надонистани меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ имрӯз мушкилии ҷомеаи шаҳрвандӣ гардидааст. Яъне, ҳар як мутахассис ва ҳар як ронанда бояд, ки имрӯз бо дастурҳои методии коргузорӣ таъмин гардад.

 

Март 13, 2018 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд