АҲАМИЯТИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ. Пас аз қабули санади мазкур пасандозҳои шаҳрвандон дар бонкҳо се маротиба зиёд гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аҳамияти он дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар машварат сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назоратии Кумитаи рушди маҳал Саидғуфрон Абдулло сухан гуфта, моҳияти қонуни мазкурро ба ҳозирин шарҳ дод.
«Дар Қонуни танзим як зумра меъёрҳое қабул гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ равон гардиданд. Дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намудани қонуни мазкур вазифаи пурмасъулияти ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад»,- иброз дошт Саидғуфрон Абдулло.
Дар машварат намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, ки пас аз қабули қонуни мазкур пасандозҳои шаҳрвандон дар бонкҳо се маротиба зиёд гардиданд.
Инчунин аз тарафи шаҳрвандон қарз гирифтани маблағҳо аз бонкҳо барои баргузор намудани маъракаҳо кам шудааст.
Дар машварат зикр карда шуд, ки қабули қонуни танзим аз иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат дода, он ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






