Ҳайати БМТ дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи «Қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрели соли равон ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи «Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ», ки бо иқдоми Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур дар баробари намояндагони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва намояндагони бонкҳои муросилотии ҷаҳонӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва мақомоти танзимкунанда иштирок доштанд.
Дар ҷаласа саҳми ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар ҳалли мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкии кишварҳои минтақа баррасӣ шуда, ба кор ва саҳми онҳо дар мусоидат ба муколамаи байналмилалӣ ва дастгирии мақомоти расмии давлатҳо дар таҳкими сиёсати давлат дар самти коҳиш додани хавфҳои қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфӣ баҳодиҳӣ карда шуд.
Зимни ҷаласа муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба имконияти ХБА дар таҳкими муколамаи мусоид ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкӣ барои кишварҳои минтақа, инчунин саҳми ширкатҳои консалтингӣ дар таҳкими муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти роҳбаладии ХБА барои муколамаи мусоид дар минтақа баҳри рушди иқтисодиёт ва суботи молиявӣ андешаҳои худро баён дошт.
Директори Департаменти ХБА оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Ҷиҳад Азур зимни суханронии худ зикр кард, ки «кор дар самти муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома дода мешавад ва ҳар як муҳокимароние, ки барпо шуд, бояд дар амал татбиқ гардид. Муколамаи байни бонкҳои муросил ва бонкҳои респондент бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома ёфта, ҳар як иштирокдор бояд дар ин самт саҳм гузорад ва барои ноил шудан ба муносибатҳои муросилотии бонкӣ тамоми талаботҳои заруриро иҷро намояд».
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони як зумра бонкҳои ҷумҳурӣ, аз қабили БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Спитаменбонк», ҶСК «Эсхата», ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ҶСК «Соҳибкорбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶДММ ТАҚХ «Арванд» иштирок намуданд.








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






