АРТИШ-МАКТАБИ ОБУ ТОБИ ҲАЁТ. Дар Суғд зиёда аз 1000 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар гардиданд
ХУҶАНД, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»–и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавии гусели аввалин 1043 нафар наваскарон аз шаҳру навоҳии вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар ҷамъомад раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳру навоҳии вилоят, волидону собиқадорони меҳнат ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳҳо ширкат намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарор таманно намуда, аз ҷумла, зикр намуд, ки «хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат ба ҳисоб рафта, он барои насли наврас муҳимтарин мактаби обу тоби ҳаёт мебошад. Имрӯзҳо фаъолияти қисмҳои низомӣ ва шароити хизмати аскарон беҳбудӣ ёфта, ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир мебошад».
Ҳамзамон таъкид гардид, ки маҳз фаъолияти хубу корбарии муташаккилонаи фаъолон ва комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Зафаробод буд, ки онҳо дар рӯзҳои аввали гусели наваскарон байни 18 минтақаҳои вилоят, пеш аз муҳлат маъракаи даъвати баҳориро сарбаландона ба анҷом расониданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар робита ба ин имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи гусели нахустин гурӯҳҳои наваскарон идома дорад.













Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






