АСПҲОИ ТОҶИКӢ АЗ АСПҲОИ АНГЛИСӢ МОНДАНӢ НАДОРАНД. Онҳо бо қаду баст ва тарҳи пайкари хеле зебо аз беҳтарин зотҳои асп дар дунё муаррифӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 31 марти соли ҷорӣ дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, Вазорати кишоварзӣ ва Федератсияи миллии човандозони Тоҷикистон пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” баргузор шуд. Дар он аспҳои зоти англисӣ бо лақабҳои “Рахш” ва “Шерхон-Дарк” аз Душанбе, ки соҳибашон Анӯшервони Рустам аст, барандаи шоҳҷоизаҳо — автомашинаҳои сабукрави тамғаи “Равон” гардиданд.
Дар ин бора довари ин мусобиқа, муҳаққиқи соҳа ва муаллифи аспи зоти тоҷикӣ Арбобмирзо Шамсиев хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки дар ин пойга 87 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Ашт, Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор, Ховалинг ва Хуросон ширкат намуданд. Ба гуфти ӯ, аспҳои тоҷикӣ аз зоти аспҳои англисӣ монданӣ надоштанд. Чаро?
Ба ин суол хабарнигори АМИТ “Ховар” Холисаи АСОМИДДИН муфассал посух медиҳад.
…Асп ҷонвари чусту чолок, неруманд, зебо, ва ёрирасони инсон мебошад. Миллати тоҷик аз қадим ба парвариши асп машғул буд ва ин шавқу ҳаваси беандоза нисбат ба асп сабаб гардид, ки зоти аспи тоҷикӣ ба миён ояд. Имрӯз зоти аспи тоҷикӣ яке аз беҳтарин зоти аспҳо ба ҳисоб рафта, машҳури олам гаштааст.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» навиштаанд, имрӯз мардуми тоҷик қимати аспро хуб медонад ва ба нигоҳубину парвариш ва гирифтани наслҳои беҳтари он кӯшиш менамояд. Ба ин дар ҳудуди ҷумҳурӣ пайдо шудани чандин хоҷагиҳои саҳомиву хусусии асппарварӣ мисол шуда метавонад.
«Аспи зоти тоҷикӣ дар давоми беш аз 50 сол дар натиҷаи ҷуфткунонии зоти аспҳои англисиву арабӣ рӯёнида шуда, аз рӯи қаду баст ва тарҳи пайкари хеле зебо мебошад. Аспи зоти тоҷикӣ дар қиёси ҷуссаву қад аз аспҳои арабӣ калонтару танумандтар буда, аз аспи англисӣ андаке хурдтар аст. Имрӯз зарур аст, ки камари ҳиммат бибандему шуҳрати аспҳои бохтарӣ, тахорӣ ва хатлониро дар тимсоли аспи зоти тоҷикӣ ҷой дода, онро бори дигар машҳури олам гардонем.
Дар пайдоиши насли аспҳои овозадори англисӣ низ хизмати зоти аспҳои ниёгони тоҷикон хеле калон аст. Зеро англисҳо дар тӯли якчанд аср Ҳиндустонро чун мустамликаи худ нигоҳ дошта, бевосита аз ҳудуди Балху Афғонистон, канораҳои аморати Бухоро ё қаламрави Ҳиндустон аспҳои хушзотро ба Англия мефиристоданд. Дар натиҷа тақрибан дусад сол аз ин муқаддам бар асари ҷуфткунонии аспи хуталонӣ, аспи бидаву арабӣ ва аспи испанию неополитанӣ зоти аспи англисӣ падид омадааст»,- зикр шудааст дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён».
Ҳамчунин дар асари мазкур омадааст, ки аспҳои бохтарӣ гаҳвораи нахустини давлату давлатдории тоҷиконро ба ҷунбиш оварда, дар ташаккули тамаддун ва давлати тавонои Бохтару Суғд хизмати арзанда кардаанд. Бохтари қадим, Тахористон ва Хуталон ватани аспҳои хушзот, чобуку даванд ва зебову қавипайкар эътироф шудаанд.
Тавре раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар муқадимаи «Достони асп»-и Давлат Сафар гуфтааст: «Аспҳои зоти тоҷикӣ гӯиё маҳз барои рушду пешрафти миллати тоҷик, ҳифзи ватани аҷдодӣ офарида шуда буданд, ки паҳлавонони тоҷикро дар пушти худ шукӯҳу шаҳомат бахшида, сарбаландона дар муборизаҳо бар зидди ҳуҷумҳои аҷнабиён ширкат варзидаанд. Шарафу номус, марзу бум, ҷони соҳбони худро ҳифз карда, дар муборизаҳои ватандӯстона ба муқобили аҷнабиён сина сипар мекарданд.
Яке аз хислатҳои неку наҷиби асп, новобаста, аз ҷуссаи азиму пурқувваташ, рому фармонбардори соҳибаш будани ӯст. Ин ҷонвари бофаросат ҳар як нафас задани набз ва таппиши дили савораи худро эҳсос мекунад. Муҳаббату вафодории хешро бо ҳар гуна амалу ишора нишон доданӣ мешавад. Ба ҳарфу ишораҳои соҳибаш гӯш медиҳад. Ҳатто аз қиёфаи соҳибаш кайфияти ҳоли ӯро дарк месозад».
Ба гуфтаи сардори Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри асалпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҷобиров дар Тоҷикистон аслан 3 зоти асп: тоҷикӣ, лақайӣ ва қарабоҳирӣ парвариш меёбанд. Ҳамчунин барои беҳтар намудани сифати зоти аспи тоҷикӣ зоти англисӣ низ парвариш карда мешавад.
Тибқи иттилои номбурда, аз рӯи маълумоти омории Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 80 ҳазору 408 сар асп мавҷуд мебошанд, ки аз ин шумора 55 фоизашро аспҳои хушсифати зоти тоҷикӣ ташкил медиҳанд.
«Бо қарори Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016» қабул гардид. Барои амалӣ намудани барномаи мазкур соли 2010 Корхонаи воҳиди давлатии «Асппарвар» таъсис дода шуд. Инчунин барои барқарор намудани фаъолияти корхона бинои аспхона сохта шуда, 1100 гектар замини корами шартан обӣ ва 1000 гектар замини чарогоҳ ҷудо карда шуд, ки ин барои рушди соҳаи асппарварӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Барои рушди минбаъдаи соҳаи асппарварӣ дар «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 27 марти соли 2018 қабул гардид, соҳаи асппарварӣ низ дар назар дошта шудааст. Ҳоло аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани зотҳои аспҳои мавҷуда маблағҳои муайян ҷудо шуда, ба ин самт равона карда мешаванд»,- гуфт сардори Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри асалпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҷобиров.
Боиси хушҳолист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллии мардуми тоҷик дубора эҳё гардида, рушди соҳаи асппарварӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шуд. Соли 2002 дар пайи омӯзишҳои пайвастаи муахассисон ва олимони соҳаи асппарварӣ зоти аспи тоҷикӣ расман муаррифӣ шуда, аз тарафи комиссияи байналмилалӣ ҳамчун беҳтарин зоти асп эътироф гардид.
Аспи тоҷикӣ аз ҷиҳати ҷусса ва чолокӣ аз дигар зоти аспҳо бартарият дошта, ба иқлим низ тобовар мебошад.
Ҳамасола акнун бо мақсади санҷиши аспҳои зоти тоҷикӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт пойгаи аспдавонӣ роҳандозӣ мешавад. Ин мусобиқа гувоҳи он аст, ки давлату ҳукумати кишвар ба ин соҳа аҳамияти хосса зоҳир намуда, ҳамарӯза барои беҳтар гардидани зоти аспи тоҷикӣ ташаббусҳои нав рӯи кор меоранд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»