«Бонки Эсхата» ғолиби «Ҷоми бонкҳо» гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз 16- 20 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки панҷ даста аз бонкҳои тиҷоратии кишвар — ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСП «Спитаменбонк» ва ҶСК «Соҳибкорбонк» мусобиқаи соҳавии «Ҷоми бонкҳо» баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур, баланд бардоштани маҳорати идоракунии (менеҷмент) кормандони роҳбарикунандаи зинаҳои болоӣ ва миёнаи бонкҳо маҳсуб меёбад.
Мусобиқа дар шакли бозӣ гузаронида шуда, дар рафти сабқат аз ҷониби дастаҳо масъалаҳои гуногун оид ба фаъолияти бонкӣ, аз қабили банақшагирии пардохтпазирӣ, тарифҳо оид ба амалиётҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо, идораи хавфҳо, стратегияи бонкӣ, банақшагирӣ ва бозомӯзии кормандон, таҳлили нишондиҳандаҳои бонкӣ ва маркетинг мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифтанд.
Дар доираи мусобиқа дастаҳо барои ноил гардидан ба идораи дуруст ва самаранокии фаъолияти корӣ бо барномаҳои шартии тавозуни ҷудогонаи солона ва нишондиҳандаҳои ба он вобаста дар панҷ марҳила фаъолияти ташкилоти шартии худро муаррифӣ намуданд.
Дар рафти мусобиқаи панҷрӯза дастаи ҶСК «Бонки Эсхата» бо муаррифии беҳтарин барнома ғолиби ин сабқат дониста шуда, соҳиби «Ҷоми бонкҳо» гардид.
Ҷомро ба ғолибони мусобиқа муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар ҳузури масъулини Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ Татяна Фелдган ва Инна Мазур тақдим намуда, барои дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои бадастомада ба иштирокдорони мусобиқа комёбиҳо таманно кард.
Қобили зикр аст, ки баргузории мусобиқаҳои мазкур байни бонкҳо ба рушди низоми бонкӣ ва беҳтар шудани маҳорат ва малакаи касбии кормандони ташкилоти қарзӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






