БОЗ ЯК НАВГОНӢ ДАР СОҲАИ ТУРИЗМИ ТОҶИКИСТОН: ба сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, симкортҳои махсус пешниҳод карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ширкати мобилии «Tcell» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, симкортҳои махсус пешниҳод мегарданд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни муаррифии симкорти мазкур зикр гардид, ки ҳангоми фаъол намудани симкорт бо таври автоматӣ 50 дақиқа суҳбати ройгон, 100 мб Интернет ва 150 смс ё худ паёмакро дар худ дорад, ки сайёҳон метавонанд аз ин хизматрасонӣ ба таври ройгон ҳамчун туҳфа истифода намоянд. Ҳамзамон, ҳангоми фаъол гардонидани симкорт маълумот бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи меҳмонхонаҳо, маконҳои тамошобоб, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва хизматрасонии таксӣ фиристода мешавад.
Дар фурудгоҳ сайёҳон бо тарзи хоса пешвоз гирифта шуда, аз меҳмоннавозии тоҷикона аз наздик ошноӣ пайдо мекунанд. Инчунин, дар фурудгоҳ меҳмонону сайёҳон метавонанд, тавассути хизматрасонии ширкати мобилии «Tcell» аз интернети босуръати бесими Wi-Fi ройгон истифода намоянд.
Бояд зикр намуд, ки симкортҳо барои сайёҳон тавассути ширкатҳои сайёҳӣ дар фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии нақлиётӣ пешниҳод шуда, нархҳои дастрас ва алоқаи босифати коммуникатсионии байналмилалӣ таъмин карда мешавад.
Дар баробари ин аз ҷониби ширкати мобилии «Tcell» тарофаҳои зиёд пешниҳод гардида, хизматрасонии интернетии босуръати 2G, 3G ва 4G пешниҳод карда мешавад.
Инчунин барои симкортҳои мазкур «Call center»-и махсус барои мизоҷони корпоративӣ таъмин карда шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки роҳандозӣ гардидани иқдоми мазкур рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши сайёҳӣ ва дастрасӣ ба мавзеъҳои сайёҳиро осон ва васеъ намуда, сатҳи хизматрасониро бамаротиб боло мебарад.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






