Дар «Қасри миллат» пас аз маросими супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг баргузор гардид

Апрель 13, 2018 12:35

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Словакия ва Ҷумҳурии Кубаро қабул намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пас аз маросими расмии супоридани эътимодномаҳо сафирони кишварҳои хориҷӣ барои намояндагони васоити ахбори омма изҳороти матбуотии кӯтоҳ намуданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳасан Дилсуз оглу Маммедзаде зикр намуд, ки «муносибатҳои Озарбойҷону Тоҷикистон дорои риштаҳои таърихӣ мебошанд. Имсол сафари сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар назар аст».

Ҳамчунин ӯ таъкид намуд, ки ҳамкории мутақобилаи Озарбойҷону Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги истифоданашуда мебошад. Ба гуфтаи Ҳасан Дилсуз оглу Маммедзаде, ӯ ба сифати сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон барои тавсеа ва тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов иттилоъ дод, ки моҳи марти соли 2018 сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тақрибан 300 ҳазор нафар шаҳрвандони ду давлат убур кардаанд. Ва ин теъдод, ба гуфтаи ӯ, бо ифтитоҳ гардидани нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳии сарҳадӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

Ӯ зикр намуд, ки зимни Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои дорои хусусияти давлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расиданд. Имрӯз беш аз 35 санад дар самти ҳамгироии иқтисодию сайёҳӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ амал мекунад. Қарорҳо аз ҷониби Президентҳои ҳарду давлат қабул гардидаанд ва онҳо натиҷаҳои мусбат хоҳанд дод. Аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон неруи барқ ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ интиқол мегардад.

«Ҳамгироӣ миёни субъектҳои хоҷагидор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳуҷҷатҳо барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли таҷҳизоти барои хоҷагии қишлоқ пешбинишуда омода мешаванд. Робитаҳои фарҳангӣ низ фаъолона рушд доранд. Ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар қаламрави ҳарду давлат иштирок намуданд», — таъкид намуд Эргаш Шоисматов.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҳаб Аҳмад Талат Наср таъкид намуд, ки «имсол Ҷумҳурии Арабии Миср ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишварро таҷлил мекунанд. Дар ин росто, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб мубодилаи барқияҳои табрикӣ намуданд».

Ба гуфти Иҳаб Аҳмад Талат Наср, ҷонибҳо барои ҳамкории мутақобилан судманд дорои иродаи қавии сиёсӣ мебошанд. Робитаҳои сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар дар сатҳи баланд қарор доранд, ки ин дар рушди тадриҷии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб нақши муҳим мебозад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия дорои чашмаҳои шифобахш ва осиошгоҳҳо мебошанд. Бинобар ин, моро мебояд сайёҳии табобатиро рушд диҳем», — изҳор дошт Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Словакия Ян Бори зимни брифинг.

Ба гуфтаи ӯ, робитаҳои илмию фарҳангии кишварҳо таърихи бузург доранд. Новобаста аз масофаи ҷуғрофӣ, миёни Ҷумҳурии Словакия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ имкониятҳои бузург вуҷуд доранд.

«Мо пас аз кушода шудани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон афзоиши сайёҳони Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Словакия интизорем, зеро қароргоҳи сафир дар Ӯзбекистон воқеъ мебошад. Акнун, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Сафорати Словакия дар Тошканд озодона муроҷиат намоянд», — гуфт Ян Бори.

Ҷумҳурии Словакия тасмим дорад, ки тавассути қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Афғонистон кумаки башардӯстона расонад.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Куба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмилио Певида Пупо зикр намуд, ки «барои ман боиси хушнуди ва сарфарозист, ки эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридам. Куба ва Тоҷикистон муносибатҳои хуби сиёсӣ ва дипломатӣ доранд, ки мо онҳоро баланд арзёбӣ мекунем. Мо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дар сатҳи дуҷониба муносибатҳои хуб дорем. Ба назари ман, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиб, саноати дорусозӣ, илму маориф, фарҳангу варзиш ва сайёҳӣ дурнамодор ба шумор меравад».

                                                                                           Пайрави ҚОСИМ,

АМИТ «Ховар»

 

 

 

Апрель 13, 2018 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
Дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид
Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд
Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар Женева татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти об ва иқлим баррасӣ шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод