Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 интихоботи миёнадаврӣ гузаронида мешавад

Апрель 17, 2018 14:54

ДУШАНБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  17 июни соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 интихоботи миёнадаврӣ  ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин росто, 17 апрел аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи КМИР, ки таҳти раёсати раиси  КМИР  Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, қарори марбута қабул намуданд.

Зикр шуд, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 апрели соли равон ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии  Ванҷ №40 Рӯзадор Муҳаббатшо бо сабаби вафоташ  пеш аз муҳлат  қатъ гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамзамон дар ҷаласаи КМИР оид ба ташкили комиссияи ҳавзавии интихоботӣ дар ҳавзаи  якмандатии интихоботии Ванҷ №40  қарор қабул гардида, ҳайати он муайян карда шуд.

Инчунин аъзои КМИР тақвими чорабиниҳои асосӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани  интихоботи миёнадаврӣ  дар ҳавзаи  якмандатии  интихоботии Ванҷ №40-ро   тасдиқ намуданд.

Апрель 17, 2018 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад