Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои такмили низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Фабритсио Фрабонӣ баррасӣ гардид.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ изҳор дошт, ки бо назардошти мавҷуд будани сатҳи хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ ҷиҳати муҳайё намудани шароит барои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
«Танзими бозори иттилоотии қарз ба паст шудани вобастагӣ ба гаравҳо, роҳ надодани қарздиҳии хавфнокиашон аз ҳад зиёд, пешгирӣ шудани қарзҳои такрорӣ, мониторинги бозори қарзӣ, беҳтар шудани танзиму назорати бонкӣ ва пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, барои таҳким бахшидани назорат ва пешгирӣ намудани қарзҳои хавфашон баланд, ки ба рушди низом таъсири манфӣ мерасонанд, модули муайян оид ба таърих ва коркарди маълумоти қарзӣ зарур мебошад», — таъкид намуд С. Икромӣ.
Мутахассиси пешбари бахши молия оид ба низоми табодули маълумоти қарзӣ ва идораи хавфҳои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Фабритсио Фрабонӣ дар навбати худ зикр намуд, ки инфрасохтори мубодилаи иттилооти қарз дар идоракунии хавфи қарзӣ ва таъмини устувории молиявӣ нақши муҳим дорад.
Вобаста ба ин, Ф. Фрабонӣ оид ба шаклу усулҳои ташкили низоми табодули маълумоти қарзӣ барои танзимгар ва мақсадҳои сиёсати монетарӣ дар кишварҳои дигар изҳори андеша намуда, барои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои худро баён дошт.
Ҳамчунин ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи омӯзиши инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати такмил ва рушди фаъолияти низоми табодули маълумоти қарзӣ баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фабритсио Фрабонӣ мутахассиси бахши молия оид ба низоми табодули маълумоти қарзӣ ва идораи хавфҳои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки бо мақсади доир намудани машваратҳо оид ба беҳтар кардани инфрасохтори молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






