Дар дараи Марғоб ба муносибати 25-солагии таъсиси Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ҷамъомад доир гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар дараи Марғоби шаҳри Ваҳдат ҷашни 25-солагии таъсиси Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад кормандони дастаҳои махсуси Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, «Алфа»-и КДАМ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд.
Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ чор марҳилаи машқҳоро доир ба наҷот додани шахсони ба гаравгонгирифташуда, машқҳои тан ба тан, гузаштан аз монеаҳо, силоҳҳои вазнини ҷангӣ, миномёт ва пелемётҳои дорои калибри калон барои нобуд кардани душманони шартӣ ва нишонҳо намоиш доданд.
Инчунин ба муносибати 25-солагии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор шуданд.
Иштирокчиёне, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд, аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мукофотҳои пулӣ ва медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ҷамъомади мазкур роҳбарони аввали сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






