Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалии олимони ҷавон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Илми тиб: имкониятҳои нав» Конференсияи илмӣ – амалии олимони ҷавон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конференсия ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, президенти муассисаи давлатии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Ғоибов, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонмурод Бегмуродзода ва муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисотон Ҳабибулло Амирбекзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино М. Гулзода зимни суханронии худ зикр кард, ки ҷараёни тараққиёти илму техника ва пешравии ҷаҳони муосир аз мутахассиси соҳаи тибби имрӯза на танҳо дониши мукаммали назариявӣ ва малакаи касбӣ, балки савияи баланди маҳорати инноватсионӣ ва огоҳии мунтазамро аз дастовардҳои тиб тақозо менамояд.
Ҳамчунин М. Гулзода таъкид намуд, ки конференсияи имрӯза ҳамчун муаррифи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва баёнгари неруву иқтидори баланди олимони ҷавон ва муҳаққиқон маҳсуб ёфта, барои ҷустуҷӯ, дарёфт ва дастгирии олимони ҷавон ва донишҷӯёни соҳибистеъдоду лаёқатманд имкониятҳои васеъро фароҳам меорад.
Дар доираи конференсия Симпозиум таҳти унвони «Роҳҳои боздошти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби ҷаҳони муосир ба шумор меравад, баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар кори конференсия 40 нафар олимони ҷавон ва донишҷӯён аз кишварҳои хориҷ иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмии хеш баромад намуданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






