Дар Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявии «Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим. Дастовард, мушкилот ва дурнамои рушд» доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим. Дастовард, мушкилот ва дурнамои рушд» баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» Киромиддин Назаров, инчунин намояндагони марказ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конфронс муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев баромад намуда, зикр кард, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди низоми иттилоотигардонии соҳаи маориф ва истифода намудани технологияҳои итиоолтиву комуникатсионӣ дар раванди таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
«Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ рушди низоми идоракунии соҳаи маориф ва самаранокии фаъолияти сохторҳои гуногунро афзун карда, имконият медиҳад, ки иттилоот ҳамчун воситаи муҳимтарин дар таълиму тарбия ва дар идоракунии тамоми субъектҳои соҳа васеъ истифода карда шавад»,-изҳор дошт Р.Мирбобоев.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои технологияҳои иттилотии комуникатсионӣ бо ҷалби масъулини вазорат, мутахассисон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва шарикони ҳамкор таъсис дода шуд, ки он дар дастрас кардани технологияҳои замонавии иттилоотии комуникатсионӣ ва истифодаи онҳо дар раванди таълим, инчунин дар омӯзонидани ҷавонони кишвар саҳми худро гузошта истодааст.
Дар конференсияи мазкур ҳамчунин масъалаҳои истифодаи муносибатҳои салоҳиятнокӣ дар фанни технологияи иттилоотӣ, афзалияти истифодабарии китобҳои электронӣ дар раванди таълим, истифодабарии усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои технологияи иттилоотӣ ва истифодаи бозиҳои таълимии компиютерӣ дар раванди таълим матраҳ гардиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






