Дар Исломобод ҳамоиши илмӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор гардид

Апрель 27, 2018 14:44

ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Исломобод бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Институти тадқиқоти стратегии Покистон 26 апрели соли равон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори ҳамоиш намояндагони доираҳои илмӣ ва корпуси дипломатии муқими Исломобод, ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Директори Институти тадқиқоти стратегии Покистон Холид Маҳмуд дар сухани муқаддимавии худ аз ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, мақоми пешсафи Тоҷикистонро дар ҳалли масоили глобалии об дар ҷаҳон таъкид намуд.

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва саҳми он дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор» маърӯза намуда, моҳият ва муҳтавои ташаббуси нави Пешвои миллатро чун талоши кишвари мо ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Дар маърӯза таъкид гардид, ки танҳо бо роҳи ҳамкории ҳамаҷониба ва муколамаву шарикии созанда дар сатҳи байналмилаливу минтақавӣ метавон ба ҳадафҳои Даҳсолаи нави байналмилалӣ расид.

Дар ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов, сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймурод Ғафурзода, раиси Шӯрои Покистон оид ба тадқиқот дар соҳаи захираҳои об доктор Муҳаммад Ашраф ва ноиби президенти Маркази пажуҳишҳои глобалӣ ва стратегии Покистон Бобур Суҳайл низ суханронӣ намуда, ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Покистон, ки бо мушкилоти марбут ба об мувоҷеҳ ҳастанд, муҳим арзёбӣ намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш бо ишора ба аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии об дар ҷаҳони имрӯза таъкид намуданд, ки Даҳсолаи нави байналмилалӣ бо ибтикори сарвари Тоҷикистон саҳифаи навро дар ҷодаи ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об ифтитоҳ менамояд.

 

Апрель 27, 2018 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад