«Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сатҳу сифат ва маданияти хизматрасониро баланд мебардорем» –азми кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Апрель 4, 2018 16:39

ХУҶАНД, 04.04.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Яке аз ҳадафҳои асосии ҷомеаи меҳнатии  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар раванди таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти мусофирон мутобиқ гардонидани инфрасохтори фурудгоҳ ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин амал ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифат, маданияти хизматрасонӣ ва таъмини интизоми кориву услуби муошират бо мусофирон равона гардидаст. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» директори фурудгоҳи Хуҷанд Қурбони АЛИМАРДОН  баён дошт.

Ба гуфтаи мавсуф, муоширати хуб ва хизматрасонии босифат, ҳурмату эҳтироми мусофирони фурудгоҳ- ин ҳама  муаррифи услуб ва анъанаҳои хуби меҳмоннавозии мардуми тоҷик бо хориҷиён ба ҳисоб рафта,  он дар хотири ҳар як меҳмону сайёҳ ва мусофирон ҳамроҳ бо манзараҳои мафтункунандаи кишварамон то дер боқӣ мемонад.

Кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва саҳмгузорӣ дар барномаи вилоятии 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани қисми берунӣ ва ҳудуди фурудгоҳ иқдоми наҷиберо пеша кардаанд. Онҳо имрӯзҳо дар ин мавзеъ ба шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ машғуланд. Аз ин амали хайри кормандони фурудгоҳ ин макон намуди идонаву ороста касб намуда, зебу зиннати намои фурудгоҳ боз ҳам бошукӯҳтар гардидааст. Аз ҷониби дигар  ин амали  ободкоронаву созандагӣ ба баланд шудани сатҳу сифати хизматрасонӣ мусоидат мекунад.

Ба иттилои директори фурудгоҳ, ҳоло аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар ҷумҳурӣ ягона аэродромест, ки қабулу гусели ҳавопаймоҳоро аз ҳар ду самти хатти парвозу фуруд метавонад ба амал барорад.  Дар ин радиф баҳри қабули тайёраҳои калонҳаҷм хатти парвозу фуруди фурудгоҳ аз 2620 то 3200  метр дароз карда шуда, инчунин таҷҳизоти нави равшанидиҳӣ ва системаи DME (мутобиқ ба дараҷаи 1 ИКАО) васлу насб карда шудаанд, ки он барои дақиқ муайян намудани масофаи байни ҳавопаймо ва хати парвозу фуруд хизмат менамояд.

Ҳамчунин  баҳри хизматрасонии саривақтӣ ва босифат ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо сохтмони бинои нави аэровокзали марказии фурудгоҳ оғоз гардида, он бо иқтидори хизматрасонӣ ба 400-500 мусофир дар як соат роҳандозӣ карда шуда, 15 адад  нақлиёти зарурӣ барои фурудгоҳ, аз қабили  нақлиёти махсуси кашандаи аэродромӣ барои кашидани тайёраҳо, мошини боркашон барои хадамоти муҳандисӣ-авиатсионӣ ва микроавтобус барои толори вакилон  харида шуданд.

Ҳамзамон давоми соли гузашта дар фурудгоҳ аз ҷониби 8 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 2 ширкати миллӣ ва 6 ширкати хориҷӣ ба мусофирон хизмат расонида шуда, новобаста аз он ки соли 2017 шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда нисбат ба соли 2016  0,4% кам шуда бошад ҳам, вале ҳаҷми мусофиркашонӣ нисбат ба соли пешин  5,7% зиёд гашт. Афзалияти мусбат дар ин самт 17,4% зиёдшавии шумораи хатҳои ҳавоии маҳаллӣ ва 69,8% мусофиркашонӣ дар самти Хуҷанд-Душанбе-Хуҷанд дар соли 2017 мебошад.

Вобаста ба масъалаи таъминот бо мутахассисон зикр шуд, ки то имрӯз тариқи озмун 106 нафар ҷавонони болаёқат ва донандаи забонҳои хориҷӣ ба кор қабул карда шуда, баҳри дастгирии иҷтимоии кормандони фурудгоҳ  музди меҳнат низ вобаста ба имкониятҳои дохилии коргоҳ аз 20 то 60% баланд карда шудааст.

«Аҳли ҷомеаи меҳнатии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  минбаъд низ баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба роҳ мондани таъмини хизматрасонии босифату босамари кори муътадили фурудгоҳ ва ҷалби мусофирон ба хатсайрҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд», — гуфт  Қурбони Алимардон.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Апрель 4, 2018 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст