Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар АМА вохӯрии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи мунтахаби ҷавонони то 19- солаи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дидорҳои дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Дубай дар ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки аз 9 то 15 апрел баргузор мешавад, бо ҳамсолони худ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Баргузории ин бозиҳо рӯзҳои 11 ва 14 апрел дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби то 19- сола аз 18 октябр то 4 ноябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта, Бекасӣ, Сикаранг, Сибинонг ва Бандунги Индонезия баргузор мешавад.
Рақиби дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳ баъд аз қуръакашии даври ниҳоӣ муайян мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






