ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Уммон ғолиб омад

Апрель 25, 2018 11:33

ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Уммон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дидори мазкур 24 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, голи ягонаро Рустам Соиров дар дақиқаи 74-ум ба ҳадаф расонидааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии дуюми дӯстона миёни наврасони Тоҷикистону Уммон  27  апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 доир мешавад. Дастаҳои футболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Уммон моҳи сентябри соли равон дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

 

Апрель 25, 2018 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд