«ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР КАҶ…». Омӯзгор Мавҷуда Ҳасанова чунин мешуморад, ки ба воя расонидани фарзанд бе меҳру муҳаббат ва дастгирии падару модар ғайриимкон аст
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2018/04/M.Hasanova-omuzgor.jpg)
«Таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва побарҷойии тамаддунҳо ба шумор меравад»
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас имрӯз на танҳо масъулияти мактабу маориф, балки падару модарон низ басо бузург мебошад. Агар кӯдак аз хурдсолӣ то ба балоғат расидан дар оила ва мактаб тарбияи дуруст гирад, он гоҳ чун шахси инсондӯст, ватанпарвар бофарҳангу бомаданият ба воя мерасад. Маҳз ҳамаи ин нозукиҳоро ба инобат гирифта, дар мамлакатамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Мақсад аз қабули ин қонуни муҳим- пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар рӯҳияи ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба воя расонидани онҳо мебошад.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мавҷуда Ҳасанова баён дошт, ҳар як падару модар бояд дарк намояд, ки барои мақсадҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадаанд, бо омӯзгорон якҷоя бояд кор кунанд. Агар кӯдак дар мактаб 5-6 соат машғули таҳсил бошад, вақти боқимондаи худро дар хона дар иҳотаи оила ва наздикон мегузаронад. Дар ин маврид танҳо падару модарон метавонанд завқу шавқи кӯдакашонро ба инобат гирифта, ӯро ба машғулияти дӯстдошта ҷалб намоянд. Мактабу маориф дар ин самт, албатта, бо волидон бояд ҳамкории зич дошта бошанд.
Чуноне ҳамсуҳбати мо зикр намуд, «имрӯз қариб дар ҳамаи мактаҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар маҳфилҳои шеърхонӣ, ҳунарҳои зебо ва ғайра барои хонандагон фаъол мебошанд, ки толибилмон бо хости худ метавонанд ба онҳо пас аз дарс ҷалб гарданд. Вале ин завқи кӯдаконро волидайн низ бояд дастгирӣ карда, аз пешрафту комёбӣ ва ё баръакс, аз нокомии кӯдакони худ хабардор бошанд ва бо омӯзгорон якҷоя камбудиҳоро бартараф намоянд. Падару модарон бояд доимо аз вазъи саводомӯзии фарзандон бохабар шуда, аз рӯи имкон дар дарсҳо иштирок намоянд. Зеро ҳамаи дастовардҳо ва қаҳрамонии фарзандони миллати тоҷик натиҷа ва самараи заҳматҳои шабонарӯзии падару модарон ва баъдан омӯзгорон мебошад. Ба воя расонидани инсони комил бе меҳру муҳаббат ва дастгирии падару модар ғайриимкон аст»,-зикр намуд М.Ҳасанова
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бисёр падару модарон садди роҳи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон мегаштанд. Ҳамзамон бисёр хонандагон аз мактаб дур монда, дар кӯча ба мошиншӯиву савдо машғул мешуданд. Хушбахтона, ин мушкилот аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, дар ин самт тадбирҳои фавриву зарурӣ андешида шуданд.
Ба гуфтаи М. Ҳасанова, яке аз чунин чораҳои муҳим дар он солҳо пешниҳоди квотаи президентӣ барои духтарон буд, ки он барои идома додани таҳсил дар мактабҳои олии кишвар барои духтарон такони ҷиддӣ гардид. Тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, имрӯз қариб ҳамаи духтарон аз минтақаҳои дурдасту кӯҳистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Натиҷаи ин тадбирҳои саривақтӣ буд, ки имрӯзҳо кӯдакону ҷавонон аз кӯчагардию бероҳашавӣ ва испанддудкунию мошиншӯӣ дур шуда, боз рӯ ба мактабу таҳсилот овардаанд. Ин ҳама натиҷаи заҳмату талошҳои давлату ҳукумати мамлакат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид доштанд, «падару модароне ҳастанд, ки бо баҳонаи вазъи душвори иқтисодии оила фарзандонашонро аз донишомӯзӣ дур мекунанд ва онҳоро ба бозору марказҳои хизматрасонӣ ва дигар корҳо сафарбар менамоянд. Дар натиҷа ин гуна кӯдакон аз таълиму тарбия дур монда, дар муҳити носолим ба воя мерасанд ва ба корҳои номатлуб даст мезананд, ки ин ҳама оқибатҳои хавфнокро ба бор меоранд».
Маҳз ҷиҳати пешгирии ин равандҳо моддаҳои 7 ва 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модаронро дар таълиму тарбияи фарзанд муайян намудаанд. Зеро дар бештари мавридҳо падару модарон тарбияи фарзандонашонро ба мактаб ҳавола намуда, чунин мешуморанд, ки таълиму тарбия танҳо вазифаи омӯзгор аст. Аз ҳамин сабаб онҳо ҳатто намедонанд, ки фарзанди онҳо аз субҳ то шом дар мактаб аст ва ё ба оворагардӣ машғул мебошад. Онҳо боре ҳам ба мактаб намеоянд ва аз вазъи донишандӯзии фарзандашон хабар намегиранд. Чунин волидон масъулияти таълиму тарбияро пурра ба зиммаи омӯзгорон вогузор намуда, дар ҳолати сар задани ягон воқеа ва ё қонуншиканӣ бо иштироки фарзандашон мактабро гунаҳгор меҳисобанд. Ҳол он ки мутобиқи Қонуни мазкур падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд вазифа ва уҳдадории баробар доранд. Падару модар бояд на танҳо талаботи моддии фарзандонашонро қонеъ гардонанд, балки муҳимтар аз он, ба таълиму тарбияи дурусти онҳо аҳамият диҳанд. Тавре шоир фармудааст:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ…
Омӯзгори ботаҷриба ҳамчунин зикр намуд, ки падару модароне ҳастанд, ки фарзандонашонро бо тамоми техникаву технологияҳои муосир, мошину телефонҳои мобилӣ, зару зевари духтарона таъмин намуда, фикр мекунанд, ки бо ин роҳ фарзандонашон хонда, таълиму тарбияи дуруст мегиранд. Вале афсӯс, ки бештари чунин нафарон аз таълим дур монда, ба худнамоишдиҳиву қонуншиканӣ машғул мешаванд. Аз ин рӯ дар қонуни мазкур истифодаи телефонҳои мобилӣ ва ҷавоҳирот дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайра манъ карда шудааст, ки хеле манфиатовар ва саривақтист.
«Тарбияи фарзанди баору номус ва ватандӯсту поквиҷдон вазифаи падару модар, омӯзгорон ва ҷомеа мебошад. Ҳар як фарзанди тоҷик бояд донад, ки миллати соҳибтамаддуни мо аз қадим бо одобу рафтори намунавӣ ва тарбияи хуб маълуму машҳур буд. Итминони комил дорам, ки имрӯз насли навраси мо ба расму оин, таъриху фарҳанги худ арҷ гузошта, арзишҳои миллиамонро пос хоҳанд дошт. Дар ин роҳ мо, омӯзгорон ва падару модарон бояд дастҷамъона саъю талош намоем»,- зикр кард М.Ҳасанова.
Бино ба иттилои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 12 моҳи соли сипаригардида дар 690 ҳолати содирнамоии ҷиноят 683 нафар ноболиғон иштирок намудаанд, ки аз инҳо 111 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 нафар хонандагони муассисаҳои миёнаи махсус буда, 563 нафарашонро ноболиғоне ташкил медиҳанд, ки ба кор ва хондан машғул нестанд.
Ҳамчунин соли сипаригардида нисбат ба 16 ҳазору 823 нафар падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар назди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иҷро накарданд, бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»