ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. АМИТ «Ховар» дар бораи дастовардҳои низоми миллии моликияти саноатӣ

Апрель 26, 2018 18:05

Ба муносибати 25-солагии таъсисёбии низоми

миллии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 26.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии  «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993 242 дар заминаи собиқ Пажўҳишгоҳи илмӣтадқиқотии иттилооти илмӣтехникӣ таъсис дода шудааст.

Инак аз рўзи таъсисёбии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и ва низоми миллии моликияти зеҳнӣ 25 сол пур шуд. Дар ин давра, кормандону мутахассисони Муассиса ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият карда, ҷиҳати таъмини ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллии неруи зеҳнӣ бо меҳнати заковатмандона ҷидду ҷаҳд намуданд.

Муассиса ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ аз оғози фаъолият, ҷиҳати татбиқи афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, махсусан  ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ, барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба рушди ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории иқтисоди кишвар кушиш намудааст.

Вазифаҳои асосии Муассиса аз ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, топологияи микросхемаи интегралӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ иборат буда, инчунин ҳамоҳангсозии корҳои ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии корҳои илмию тадқиқотӣ ва коркардҳои таҷрибавию конструкторӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасонии маълумотию иттилоотӣ  ба шаҳрвандон, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Муассиса дар як давраи кӯтоҳ, дар самти ҳамоҳангсозӣ, дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ, иттилоотнокии ҷомеа ва рушди соҳа як зумра корҳои муҳимро иҷро намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар давраи фаъолият заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти саноатӣ бо шаш қонунҳои соҳавӣ пурра гардонида шуда, мавриди амал қарор гирифт.

Ҳамчунин дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як зумра созишномаву шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ гардида, бо Идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.

Соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳукуқи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) гардид.

 

Бо мақсади ҳамҷониба баррасӣ намудани масъалаҳои мубрами соҳа, ҳамоҳангсозӣ, пешгирӣ намудани холатҳои ҳукуқвайронкунӣ, рақобати бевиҷдононна, тарғибу ташвиқи соҳа, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии аҳолӣ дар ин давра мутобиқи  қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳо ва шўроҳо таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005 таҳти №514 «Дар бораи таъсиси Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ», аз 3 майи соли 2006 таҳти №198 «Масъалаҳои Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ» ва аз 6 декабри соли 2014 таҳти №767 бо мақсади амалигардонии Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ таъсис дода шуд.

Дар давраи фаъолият аввалин патент ба ихтироъ санаи 10 июни соли 1994  дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст. Шумораи патентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтироъ 490 адад ва нахустпатентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтироъ бошад 883 ададро (ба ҳолати 12.03.2018 )  ташкил медиҳад.

Аввалин патент ба намунаи саноатӣ бошад санаи 28 ноябри соли 1994 дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шуд. Шумораи патентҳое, ки ба намунаи саноатӣ дода шудаанд 89 ададро (ба ҳолати 12.03.2018)  ташкил медиҳад. Аз рўи низоми бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ (Созишномаи Гаага) бошад, бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 627 адад намунаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар моҳи марти соли 1996 нашри хабарномаи расмии Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Навиди патентӣ» (бо забони русӣ ва тоҷикӣ) ва аз соли 2001 аввалин шумораи маҷаллаи илмӣ-амалии «Моликияти саноатӣ ва бозор» (аз соли 2017, «Моликияти саноатӣ») ба роҳ монда шуд.

Моҳи апрели соли 1996 институти намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаи ҳуқуқӣ барои амал намудани он таъсис дода шуд. Дар айни замон 16 нафар намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Иҷозатнома»-и Муассиса, Низомнома «Дар бораи намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентӣ» фаъолият менамоянд.

Аз соли 1993 дар сохтори Муассиса Шўрои шикоятӣ амал мекунад, ки як қатор баҳсҳои дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ ба вуҷудомадаро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор баровардааст. Шўрои шикоятӣ мақоми тосудии баррасикунандаи баҳсҳо ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон, олимону эҷодкорон аз ҷониби Муассиса дар ду сол як маротиба Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад, ки то ба имрўз 21 ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), 11 нафар  соҳиби Медали тиллои ба номи В.И. Блинникови Идораи патентии Авруосиёгӣ («Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ») ва 16 нафар ихтироъкорони ҷумҳурӣ соҳиби “Нишони фахрӣ”-и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.

Дар давраи  солҳои 2012-2017, Муассиса дар намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон», ки ҳамасола дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ баргузор мегардад, 26 адад ихтирои 12 нафар  бонувони ихтироъкори кишварро пешниҳод намудааст, ки он сазовори 25 адад медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд.

Санаи 10 октябри соли 2014 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ Форуми аввалини ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз ихтироъ ба инноватсия» ва моҳи октябри соли 2016 Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Қадам ба фардо» аз ҷониби Муассиса, гузаронида шуд.

Дар давраи фаъолият дар Феҳристи давлатӣ 12721 адад тамғаҳои молӣ (ба ҳолати 12.03.2018) аз рўи низоми бақайдгирии миллӣ, ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.  Ҳамчунон МД ММПИ дар асоси Протокол ба низоми Мадрид оиди бақайдгирии байналмилалии тамғаҳои молӣ, аз соли 1996 то ба имрўз, 47525 адад тамғаҳои молиро (ба ҳолати 12.03.2018)  ба қайд гирифтааст.

Муассиса давоми солҳои 2013 ва 2017 озмуни ҷумҳуриявии Бренди сол таҳти унвони «Қуллаи Шараф»-ро барои муайян намудани бренди сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Ҳамчунин, Муассиса вобаста ба иҷрои Нақша чорабиниҳои  «Стратегияи миллии рушди моликияти  зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2020» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷўёни ҷумҳурӣ, лоиҳаи китоби дарсии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ»-ро (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дар алоҳидагӣ) омода намуда, барои баррасии минбаъда ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намуд.

Дар давраи фаъолият, мутахассисони Муассиса бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, такмили ихтисос, шиносоӣ бо дастовардҳо ва истифодаи он дар таҷрибаи корӣ дар як қатор курсҳои бозомўзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзиҳо, ки аз ҷониби Идораҳои патентии ИДМ, Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ташкил карда шуданд, иштирок намуда, савияи дониши худро мукаммал намуданд.

Бо ташаббуси Муассиса соли 2014 аввалин Интернет – портали миллии инноватсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.innovation.tj таъсис дода шуд.

Интернет-портали миллии инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини дастрасии умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботҳои муштариён  ба  иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ, иттилоот оиди дар истеҳсолот ҷорӣ намудани инноватсияҳо ва технологияҳои нав, таъсис дода шудааст.

Дар давраи фаъолият, дар Муассиса 1770 — рисолаи номзадӣ ва докторӣ, 370 – захираҳои иттилоотӣ, 1816 – дастхатҳои илмӣ, 2971 — корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ,  3600 варақаи шахсии олим ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Аз соли 2003 ин ҷониб дар Муассиса Кафедраи байни донишгоҳии “Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ” фаъолият менамояд, ки вазифаи он ба тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва пурқувват намудани мақоми моликияти зеҳнӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

Дар  давраи солҳои 2003-2017, мутобиқи нақшаи таълимӣ дар Кафедра 29069 соати дарсӣ барои 15435 нафар донишҷўёни курсҳои 4, 5 ва 6 шуъбаҳои рўзона ва ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Филилиали Донишгоҳи технологӣ таҳқиқотии шаҳри Москва (МИСиС) дар шаҳри Душанбе ва мутахассисони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо  мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва довталабон ба сифати намояндагонӣ патентӣ гузаронида шуд.

Дар ин давра Муассиса сомонаҳои интернетии www.tajpatent.tj, www.innovation.tj,www.gptb.tj таъсис дода, тавассути он кору фаъолият, дастовардҳои соҳаи моликияти саноатӣ, манбаъҳои иттилоотӣ, эълону хабарҳо ва хизматрасониҳои  соҳавии худро тарғибу ташвиқ менамояд.

Аз ҷумла сомонаи Муассиса www.tajpatent.tj ва сомонаи Интернет-портали миллии инноватсионӣ www.innovation.tj такмил дода шуда, дар саҳифаҳои асосии сомонаҳои мазкур, барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии натиҷаи неруи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо ғояҳои нави инноватсионӣ ба роҳ мондани татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии худро доранд, инчунин бо мақсади рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави инноватсионии муосир, равзанаҳои нав кушода шуд.

Фаъолияти Китобхонаи Муассиса. Бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993  №242 Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникӣ ба Китобхонаи давлатии патентию техникӣ табдил дода шуда, ба сохтори  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Китобхонаи МД ММПИ) дохил карда шуд.

Аз соли 2000 оғоз намуда, дар Китобхонаи МД ММПИ хазинаи электронии ММ ва Ҷ «ИРБИС» ташкил карда шуд, ки айни замон дар он зиёда аз 190 000 ҳазор тавсифи китобшиносӣ дохил карда шуда, мавриди истифодаи хонандагон қарор дода шудааст..

Соли 2003 Китобхонаи Муассисааъзои «Асотсиатсияи китобхонаҳои мактабҳои олӣ оид ба технологияҳои китобдорӣ – иттилоотӣ»  гардид, ки дар асоси он  тибқи барномаи «Еifl» дар давоми солҳои 2003-2015  ба  маҷаллаҳои электронии «SpringerLink», «HINARI», «SPRINGER»(бо забонҳои гуногуни хориҷӣ) ва соли 2012 ба Маъхази гаронҳаҷми Китобхонаи виртуалии Тоҷикистон www.tajikistanVSL.org дастрасӣ пайдо намуд.

Соли 2007 бо дастгирии Муассиса ва  Ташкилоти патентии Авруосиё Китобхонаи Муассиса ба Шабакаи патентию иттилоотии Аврусосиё «ЕАПАТИС» www.eapatis.com, ки хазинаи шабакаи мазкур дар айни замон 60 млн. нусха  ҳуҷҷатҳои патентиро ташкил медиҳад пайваст гардид.

Дар давраи фаъолият Китобхонаи Муассиса, тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони китобхонаҳо  конфронсҳои  илмию-амалӣ дар мавзўи «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» гузаронид.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, тарбияи насли наврас ва ҷавони кишвар дар рўҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандўстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, бо ташаббуси Китобхонаи Муассиса солҳои  2014 ва 2016, дар ҷумҳурӣ,  ду маротиба Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Хазинаи Китобхонаи Муассиса дар давраи солҳои 1991 — 2017 бо 1265966 нусха пуррагардонӣ карда шудааст.

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба рушди минбаъдаи  низоми миллии моликияти саноатӣ, механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ташкили инфрасохтори дастгирӣ, усулҳои ҳавасмандгардонӣ, ташкили заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ ва равандҳои инноватсионӣ, дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои давлатӣ чораҳои мушаххасро ба нақша гирифтааст.

Дар тўли 25 соли фаъолият (1993-2018) Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» дар самти ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, ҳамоҳангсозӣ ва рушди низоми моликияти зеҳнӣ як қатор корҳои муҳимро иҷро намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

 

Ҷамшед ҶУМЪАХОНЗОДА,

Директори Муассисаи давлатии

“Маркази миллии патенту иттилоот”-и

Вазорати рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2018 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад