Комроншоҳ ва Беҳрӯз дар Ӯзбекистон соҳиби медалҳои тилло шуданд

Апрель 24, 2018 10:32

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Паҳлавонони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи VII байналмилалии Ҷоми Амир Темур оид ба гӯштини кураш, ки 21-22 апрел дар Шаҳрисабз баргузор гардид, барандаи медалҳои тилло ва ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба  хабарнигори   АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқаи  мазкур Комроншоҳи  Устопириён  дар вазни 90 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 73 кило ҷойҳои аввалро ишғол намуда, медалҳои тилло ва ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар ҳаҷми 3 ҳазордолларӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Акмал Муродов низ намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни 81 кило сазовори медали биринҷӣ ва 750 доллари америкоӣ гардид.

 

Апрель 24, 2018 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад