Конференсияи XXVIII ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Конференсияи XXVIII ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ҷойи вакили хориҷшуда ва таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шуданд.
«Дар конференсия пешбарии номзад аз ҲХДТ Гулҷаҳон Давлатзода ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҷойи вакили хориҷшуда пешниҳод гардида, аз тарафи вакилони Конференсия дастгирӣ ёфт», — хабар доданд аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Дар кори конференсия ҳамчунин тадбирҳои татбиқшаванда ҷиҳати беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ ва муаррифии нақшаҳои созандаи ҳизб дар оянда муайян карда шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафҳои минбаъда низ барои пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди миллӣ ва боз ҳам фаъолтар сохтани нақши ҳизб дар беҳтаршавии сатҳи некуаҳволии мардум равона мешаванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






